Маълумоти охирин

САНБУСА

САНБУСА, як навъ хурок. Санбуса асосан деги ва танури мешавад. Барои пухтани Санбусаи деги гуштро аз гушткимакунак мегузаронанд ё бо корди ош кима мекунанд. Баъд ба он намак, дорувор пошида меомезанд ва дар равгани догшуда 15—20 дакика бирён мекунанд. Сипас онро ба зарфи сирдор ё чини андохта, то тай- ёр шудани хамирош болояшро пушида мемонанд.

sambusa

Хамирро завола гирифта боз мекунанд. Сипас заволаи бозшударо ба шаклхои гуногун мебуранд ва ба руяш кима гузошта Санбуса тах мекунанд. Санбусаро дар дое бо равган мепазанд. Барои пухтани Санбусаи танури хамирро 30—40 дакика дам медиханд, баъд онро 40—-50 грамми завола гирифта тарзе боз мекунанд, ки мобайнаш назар ба канорхояш андаке гафстар шавад. Нугхои заволаи бозшударо ба хам чафс карда мечаспонанд. Кимаи Санбусаи тануриро мисли кимаи Санбусаи деги пешаки бирён намекунанд. Санбуса хелхои бисёр дорад ва ба тарзхои гуногун пухта мешавад.
Адабиёт: А м и н о в С., В а н у к е в и ч А., Таомхои точики, Душанбе, 1967.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …