Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / САМУРАЙХО

САМУРАЙХО

САМУРАЙХО (аз япония самурау — хизмат кардан), дар Японияи феодали хамаи феодалхо, ба маънои танг табакаи харбии феодалии дворянхои хурд. Самурайхо дар ахди хонадони Минамотохо (1192—1333) хамчун табакаи махсус чудо шуда, дар замони хукмронии хонадани Токугавахо (1603—1867) пуppa ташаккул ёфт. Табакаги бештар имтиёзноки Самурайхоро хатамотохо (айнан — дар зери байрак) ташкил медодаянд, ки вассалаш князхо буданд. Аксари Самурайхо дар мулкхои шахсии князхо хизмат мекарданд, замин надоштанд ва ба хизмати кироя шоли мепартофтанд. Кодекси ахлоки Самурайхо аз рухияи адоват нисбат ба оммаи мехнаткаш иборат буд. Самурайхо метавонистанд одамони оддиро бари рафтори «ношоиста» нисбат ба табакаи харбиён кушанд. Дастахои Самурайхоро барои пахш намудани шуришхои халки истифода мебурданд. Баъдтар ба дастахои саршумори Самурайхл зарурати намоиш ва микдори онхо кам шуд. Аз миёнахои асри 18 дар табакаи Самурайхо парокандаги кувват гирифт. Самурайхои катории бо буржуазия алокаманд дар револютсияи буржуазии солхои 1867—1868 роли калон бозиданд. Минбаъд табакаи Самурайхо монанди дигар тоифахои феодали бархам дода шуд, аммо Самурайхо имтиёзи худро аз даст надоданд. Кисме аз Самурайхо баъди ислохоти аграри (1872—1873) сохиби замин шуда, ба таркиби
помешикони нав дохил шуданд. Аз байни собик Самурайхо шумораи амалдорон меафзуд, офисерони армия ва флот асосан аз онхо буданд. Доирахои иртичоии Япония кодекси ахлоки Самурайхоро барои ташвикоти нажодпарасти ва милитаризм истифода мебаранд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …