ШАМСУДДИНИ КОШОНИ Ибни Мухаммад ибни Али (с. тав. номаълум — ваф. 1329), шоир ва муаррихи форс-точик. У оид ба таърихи мугул манзумае навишта, «Таърихи Газонхон»-ро ба назм даровардааст. Девони ашъораш то замони мо расидааст. Мухаммади Авфи дар «Лубоб-ул-албоб» табъу кудрати шоирии уро таъриф карда, як касидаашро овардааст. Чанд байте аз ин касида:
Эй чехраи ту номаи асрори дилбари
В-эй турраи ту сураи оёти сохири.
Во зулфи тобдода чун шомм муллами.
Бо талъати хучиста чун субхи анвари.
Аз оразат, ки мебибарад об Офтоб,
Гах зор Моху Зухраву гах хор Муштари…
С.Вохидов