ШАМСУДДИН Мухаммад ибни Носири Сичзи (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-точик (а. 12). Асархои манзуму мансур (насри маснуъ) доштааст, ки яке аз онхо рисолаи тасаввуфии «Мачмаъ-ул-бахрайн» мебошад. Газалу касидахо ва рубоихояш дар тазкирахо (мас., «Лубоб-ул-албоб»-и Авфи) омадаанд. Абёти зер аз уст:
Як сахар бар дили мо боди сабое бифирист,
Дардмандем аз хачри ту, давое бифирист.
Гар сазовори гули равзаи васли ту наем,
Охир аз боги чафохот гиёе бифирист…