Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМСИ КАЙСИ РОЗИ

ШАМСИ КАЙСИ РОЗИ

ШАМСИ КАЙСИ РОЗИ Шамсуддин Мухаммад ибни Кайси Рози (с. тав. ва ваф. номаълум), адабиётшиноси форс-точик (а. 13), Шамси Кайсари аз ахли Рай буда, муддати зиёд дар Мовароуннахру Хуросон зиндаги кардааст. С-хои 1206—12 дар Бухоро ва то 1229 дар Марв буд. С. 1229 ба Ирок рафт ва 7 сол аз тарафи лашкари мугул таъкиб шуд. С. 1230 аз Ирок ба Форс баргашт. То с. 1232 аз надимони хоси Атобак Саъд ибни Занги буд. Чараёни минбаъдаи зиндагиаш маълум нест. Бузургтарин асари Шамси Кайси Рози «Ал-Муъчам» аст. Шамси Кайси Рози ба унвони «Тибён-ул-лугат ут-турки ало лисон-ил-кангали» лугати турки хам до рад, ки он пас аз лугати Махмуди Кошгари дар забони турки лугати дуюм ба хисоб меравад. Ин китоб то хол дастрас нашудааст. «Ал-Муъчам» бо кушиши донишмандони эрони Мухаммад ибни Абдулваххоби Казвини ва Мударриси Разави чандин бор ба табъ расидааст.

М. Шарифов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.