ШАМОЛИИ ДЕХИСТОНИ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-точик. Дар нимаи авв. а. 12 умр ба cap бурдааст. Пас аз касби камол ва сафар ба якчанд шахри Хуросон дар ш. Мозандарон сокин шуд ва аз он чо ба мамдухон касидахо фиристода, таъмини маош мекард. Бо Адиб Собири Тирмизи шиносои ва мукотибаи дустола дошт.
Аз эчодиёти Шамолии Дехистони касоиду газалхои мукаммал ва байтхои пароканда ба воситаи тазкирахо расидаанд. Касидахои мадхии у мохирона гуфта шудаанд, вале аз чихати гояви камарзишанд. Шамолии Дехистони шахси донишманд будааст. Дар эчодиёти у касоиди хакимона, панду насихати ба назар мерасанд. Шамолии Дехистони дар касидахояш аз санъатхои бадеии лугз, тачнис, такрор, ихом, таълил ва г. истифода кардааст. Дар газалхову рубоихояш пайрави сабки хуросони будааст, вале дар баъзе байтхои касоидаш накши сабки ироки дида мешавад.
Ад.: Абдуллоев А., Адиб Собири Тирмизи, Д.,1969. А. Абдуллоев.