Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАМЯКИН Иван Петрович

ШАМЯКИН Иван Петрович

shamyakin-i-p

ШАМЯКИН Иван Петрович (30. 1. 1921, дехаи Корми раёни Добрутакин вил. Гомель), нависандаи советии белорус, ходими чамъияти, Кахрамони мехнати Социалисти (1981), Нависандаи халкии РССБ. Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз с.1943. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941-1945). Асархояш аз с.1941 нашр мешаванд. Кахрамонии халки совети дар чанг ва корнамоии онхо дар акибгох мавзуи романи «Чараёни амик» (1949) Мукофоти давлатии СССР, 1951; тарч. точ. 1958) мебошад. Дар романхои «Дил дар кафи даст» (1964; Мукофоти давлатии РССБ ба номи Я. Колас, 1965) ва «Зимистонхои сербарф» (1970) ва панч повести дорои сюжети ягона, ки бо номи «Бахта серташвиш» (с-хои 1956—66) чоп шуданд, масъалахои ахлоки барраси шудаанд. Бисьёр асархои у ба забонхои халкхои СССР, аз чумла, ба забони точики тарчума шудаанд. Депутати Совети Олии РССБ (даъватхои 6—9), аъзои КМ ПК Белоруссия. Аз с. 1954 чонишини раис ва аз с. 1976 инчониб котиби Правленияи ИН РССБ мебошад. Бо 6 орден ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.