Маълумоти охирин
Главная / Биология / САЛПИНГООФОРИТ

САЛПИНГООФОРИТ

САЛПИНГООФОРИТ (аз юнони salpinx — най, лула ва лотини oophoron — тухмдон), илтихоби лулаи бачадон ва тухмдони хайвоноту одам. Ба Салпингоофорит бештар аз 60—65%-и занхо гирифтор мешаванд. Барангезандаи Салпингоофорити одам кокков, чубчамикроби руда, микробактерияхои сил ва дигар микроорганизмхои беморизо мебошанд, ки ба лулаи бачадон ва баъд ба тухмдон дохил шуда, сироят мекунанд.

salpingit

Коккхою каламчамикроби руда аз бачадон ва микобактерияхои сил аз шуш ва узвхои дигар бо хун меоянд. Салпингоофорит шадид, каме шадид ё музмин мешавад. Хангоми Салпингоофорити шадид поёни шикам дард карда, шахс бехол ва харораташ баланд (38—38,5°С) мегардад, ки ин аломатхо хангоми Салпингоофорити камешадид рафта-рафта кам ме-шаванд. Хангоми Салпингоофорити му змин шикам ва миён гох-гох ё хамеша дард мекунад, шахс безурёт ва хайз вайрон мешавад. Салпингоофоритро аз руи маълумоти анамнез — таърихи бемори (осори искот ё таваллуд, бенизом будани алокаи чинси, сили шуш ва гайра), хусусиятхои зухуроти бемори ва натичахои тадкики лаборатори ташхис мекунанд; хангоми гумон бурдан ба касалии сузок тадкикоти махсус гузаронида мешавад. Салпингоофорити силиро бо усулхои гистеросалпингография, кишти бактериалии хуни хайз, гузаронидани туберкулин ва гайра муайян мекунанд.
Муоличаи Салпингоофорити шадид (ороми, ба руи шикам гузоштани ях, истифодаи автибиотикхо, сулфаниламидхо, препаратхои хлориди калсий, воситахои антигистамини) дар беморхона гузаронида мешавад. Салпингоофорити каме шадид ва музминро бо проседурахои физиотерапевти (лойка, ултрасадо, диатермия ва гайра), Салпингоофорити фасоднокро бо чаррохи ва Салпингоофорити силиро бо истифодаи воситахои зиддисили муолича мекунанд. Сари вакт муолича кардани Салпингоофорит боиси безурётии дурудароз намегардад.
П е ш г и р и: эхтиёт шудан аз сирояти барангезандахои Салпингоофорит хангоми таваллуд ва искот. Салпингоофоритхои сузоки ва силиро бо муборизаи зидди ин беморихо пешгири мекунанд. М. Т. Пулодова.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …