Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЛОХУДДИН ЮСУФ ИБНИ АЙЮБ

САЛОХУДДИН ЮСУФ ИБНИ АЙЮБ

САЛОХУДДИН ЮСУФ ИБНИ АЙЮБ (1138-4. 3. 1193, Димишк), султони Миср аз соли 1171, асосгузори сулолаи Айюбиён. Курднажод. Писари Айюб ибни Шаъди — яке аз лашкаркашони султони Сурин Нуриддин, ки бо салибдорон бомуваффакият мубориза бурда аст. Дар юришхои харби (1164—1169) -и зидди Миср иштирок намуд. Салохуддин 1169 вазири Миср таъин шуд. Салохуддин 1171, баъди вафоти халифаи охирини сулолаи Фотимиёи, точу тахтро дар Миср ба даст дароварда, хокимияти Аббосиёнро дар ин сарзамин эълон кард ва аз соли 1174 онхо ба у унвони султонро доданд. Баъди вафоти Нуриддин солхои 1174—1186 мулкхои дар Сурия доштаи у ва баъзе мулкхои хурди хокимони Ирокро тобеи худ намуд. 3—4 июли 1187 кушуни Салохуддин дар наздикии Хитий (Фаластин) салибдоронро торумор намуда, 2 октябр 1187 Байтулмукаддасро ишгол кард ва сипас салибдоронро аз кисми зиёди территорияи Сурия ва Фаластин ронд. Барои сиёсати дохилии Салохуддин тароккиёти системаи харбию заминдорм, кисман кам шудани андоз, пурзур гардидани эътикод ба мазхаби сунни хос буд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.