ШАКАРХОНУМ (номи пуррааш Шакархонум бинти Зиёмухаммад; с. тав. ва ваф. номаълум), мутриба ва раккосаи точик (а-хои 15—16). Дар Бухоро ба дунё омадааст. У аз чавони ба созу овоз ва ракс майли зиёд пайдо карда, бештар дар ичрои таронахои ирфонию ахлоки ном баровардааст. Аввал аз падараш ва сипас аз устодони мусикии зодгохаш хунар омухтааст. У бо санъати ракс ва махорати баланди мутриби дар зодгохаш ва берун аз он шухрат пайдо намуда, чанд муддат дар Хирот низ хунарнамои кардааст. Шакархонум охири умр ба зодгохаш баргашта, он чо вафот кардааст. А. Рачабов.