ШАХР, махалли калони ахолинишинест, ки сокинони он дар сохахои саноат, савдо, хизматрасони, идоракуни, илм ва маданият кор мекунанд. Шахрхo одатан маркази маъмури ва мадании районхои атрофи худ мебошанд. Ба Шахр. зичии ахолию бинохо (бештар бинохои серошьёна) хос аст. Омилхои асосии ба категорияи Шахрхо дохил намудани махалхои ахолинишин чунинанд: шумораи ахоли ва машгулияти он, мавчудияти корхонахои саноатию хизмати маиши, фонди манзилии давлати, мактабу донишкадахои оли, муассисахои савдо, хуроки умуми, истирохатию табобати, маданию маърифати, идорахои хочагии коммунали ва г. Ба категорияи Шахрхо дохил намудани махалхои ахолинишин, одатан, аз руи тартиби муайяни конун анчом ёфта, сархади Шахр мукаррар карда мешавад. Ин талабот дар хар мамлакат хар хел аст: барои яке шумораи ахоли омили асосист (бояд ахолии Шахр аз 3 то 10 хаз. наф. бошад; дар баъзе мамлакатхо барои Шахр хамаги чанд сад наф. ахоли кифоя аст). Дар СССР ба категорияи Шахрхо дохил кардани махалхои ахолинишин ба зиммаи республикахои иттифоки гузошта шудааст.
Инчунин кобед
Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ
САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …