«ШАХРИЁРНОМА» маснавии Мухтории Газнави, ки дар пайравии «Шохнома»-и Фирдавси, дар авв. а. 12 навишта шудааст. «Шахриёрнома» як катор достонхои кахрамони, аз чумла достонхои «Шахриёр ва Фаромурз», «Арчосп ва Лухросп», «Аржангдев ва Золи Дастон», «Золи Дастон ва Сулаймон пайгамбар», «Исфандиёр ва Арчосп», «Исфандиёр ва Рустам»-ро дар бар мегирад. Достони «Шахриёр ва Фаромурз» хачман калон буда, дигар достонхо дар алокаманди бо он омадаанд. Хамаи достонхои «Шахриёрнома» дар асоси асотир, афсонаву ривоят ва достонхои кадимии халки таълиф шудаанд. Кахрамонхои мусбати «Шахриёрнома» — Шахриёр, Золи Зар, Фаромурз, Бонугушасп ва дигаронро, ки ба хонадони Рустам марбутанд ва хислатхои неки инсони (мардонаги, вафодори, инсондусти, ватанпарвари) доранд, ба образхои манфии асар Арчосп, Аржангдев, Гуштосп, Фаронак ва дигархо мукобил гузошта шудаанд. Кахрамони асосии достон Шахриёр ба нафъи давлати Газнавиён бар зидди хиндухо чангхои шадид мебарад. Дар «Шахриёрнома» инчуния муборизаву зиддиятхои байни лашкарони Эрону Туронзамин ва кушиши нигох доштани ягонагии мамлакат тасвир ёфтааст. Дар «Шахриёрнома» аз «Шохнома»-и Фирдавси абьёт ва порчахои чудогона иктибос шудаанд. «Шахриёрнома» дорои 925 байт буда, дар «Девони Усмони Мухтори» (Техрон, 1962) ба табъ расидааст.
- T. Неъматзода.