Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАХРИЁР Сайид Мухаммадхусайн

ШАХРИЁР Сайид Мухаммадхусайн

ШАХРИЁР Сайид Мухаммадхусайн (тав. 1906, Табрез), шоири эрони. Шахриёр аввалхо «Бехчат» тахаллус доштааст. Нахустин мачмуаи ашъораш (1928) бахои баланд гирифта буд. С. 1952 мачмуаи дучилда ва с, 1967 девонаш дар ду чилд ба табъ расидааст. Газалхои Шахриёр шухрати зиёд доранд. Он хо дорои фикру мазмунхои пухта ва санати баланди шеърианд. Шахриёр дар газал Хофизи Шерозиро пайрави кардааст. Ашъори у асосан мазмунхои ишки ва фалсафи доранд. Дар бисьёр газалхояш озодии занон, танкиди беадолати, ватанпарасти барин охангхои ичтимои чои намоёнро ишгол мекунанд («Рахти сиёху бахти сафед», «Дам бизан, эй зан», «Арбоби зимистон» ва г.). Шахриёр дар байни намояпдагони «шеъри нав» низ макоми махсус дорад («Кахрамонони Сталинград», «Хазьёни дил», «Эй вой, модарам» ва г.).

shahriyor

Хар сол 6 с 7-уми март ба шарафи шоири номи дар Табрез «Рузи Шахриёр» баргузор мегардад.

Ашъори Шахриёр дар Точикистон хаводорони зиёд дорад. Аз он чумла достони «Кахрамонони Сталинград» ва шеърхои дигари у дар сахифахои мачмуахои мунтахаб ва рузномаву мачаллахо ба табъ расидааст. Гaзалхои «Холо чаро?», «Як шаб бо Камар». «Таронаи човидон», «Ёди Шахриёр»-ро хофизони точик месароянд. Ашъораш ба забонхои руси ва диг. халкхои СССР тарчума шудааст.

Ос.: Шахриёр (Баргузинаи ашъор). Д., 1983. М. Муллоахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.