Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАФТОЛУ

ШАФТОЛУ

ШАФТОЛУ (Persica), чинси бутта ё дарахти мевадорест аз оилаи настаранихо. Дарахти Шафтолу 3—5 м кад мекашад. Баргаш нештаршакли дарозруя (дарозиаш 10—18 см, бараш 2—5 см), дандонадор, гулаш сурх ё гулоби, мевааш кулула, тухмшакл, гирда ё дарозруя, пашмакдор ё лучак, рангаш гуногун (аз сабзи сафедтоб то норинчи), пусташ тунук, магзаш сафед, зард, гулоби, сершира, ширин ё каме нордон, донашакл нагз чудо (баъзан часпак) мешавад.

Шафтолуи худруй аник, маълум нест. Тахмин мекунанд, ки Шафтолуи худруй дар кухсори Хитой месабзад ва онро 4 хаз. сол мукаддам кишт кардаанд. Шафтолуpo аз Хитой ба Эрон, минбаъд ба Юнови Кадим (Теофраст дар а. 4 то м. Шафтолуро ном бурда аст) бурдаанд. Шафтолуро дар худуди республикахои Осиёи Миёна ва Закавказия хануз то м. мепарвариданд. Холо Шафтолу кариб дар хама мамлакатхои субтропикию тропикии Нимкураи шимоли ва Нимкураи чануби маъмул шудааст.

Дар СССР Шафтолуро асосан дар Осиёи Миёна, Кавказу Крим, РСС Молд., поёноби д. Волга ва чан. РССУ (беш аз 25 хаз. га) мепарваранд; аз хар га шафтолузор 200—400 ц хосил мегундоранд.

Дар чахон такр. 5 хаз. ва дар СССР 98 навъи Шафтолу маълум аст. Дар Точикистон навъхои тахчоии Шафтолу— сафед, равгани гов, анчиршафтолу, лучак, чиллаги, Шафтолуи сурх, инчунин навъхои ба шароити махал мутобикшудаи пешпазак («Майфловер», «Александр ранный», «Камберленд», «Золотой юбилей»), миёнсоли («Малиновый», «Инжирный красный», «Обильный», «Чемпион», «Старт»), дерпазак («Эльберта», «Фардод», «Сальвей»), навъдои нави «Мевагул», «Гулдор», «Равшан» ва «Сунбули»-ро, ки селекционерони Ин-тн тадкикоти илмии богу токдори ва сабзавоткории Точикистон руёнидаанд, парвариш мекунанд.

Шафтолуи сафед навъи тахчои аст. Дарахти 7—8-солааш то 80 кг хосил медихад. Мевааш хуштаъм, сершираву ширин, андак нордон (вазнаш андаряк 90—100 г), асосан барои тархури истифода мешавад. Ох. авг. ва авв. сент. мепазад. Бештар дар вил. Ленинобод мепарваранд.

Шафтолуи сурх. Дарахташ ба Шафтолуи сафед монанд аст, вале навдахояш одатан сурхчаанд. Мевааш сурхтоб, таъмаш бештар талхча, донакаш ба осони чудо мешавад.

Чиллаги навъи Шафтолуи пешпазаки тахчоист (дар дахрузаи авв. июнь Мепазад). Мевааш бештар зардтоб, гулоби ва сурх. Таъмаш нордон, баъзан андак талхча. Дар водии Фаргона ва нохияхои диг. Осиёи Миёна хеле маъмул аст.

«Мевагул» ва «Гулдор» навъхои сармобардор ва серхосиланд. Хар бехи «Мевагул» андаряк 47,2 кг, «Гулдор» 55,3 кг ва аз хар га андаряк 262—307 ц хосил медихад. Меваашон зардтоб, нордон.

«Равшан» навъи нави сармобардор аст. Аз хар бехаш андаряк 55 кг ва аз хар га то 306 ц хосил мегундоранд. Мевааш сафеди пашмакдор, хуштаъм ва хушбуй.

«Сунбули» навъи серхосилу пешпазак аст. Аз дар бехи он то 75,1 кг ва аз хар га то 417 ц хосил мегиранд. Мевааш калон, таъмаш нордон.

Шафтолуро асосан барои тархури, тайёр кардани мураббо, шафтолуоб, мармелад, повидло ва ним истифода мебаранд. Равгани магзи Шафтолуро дар тнб барои тайёр кардани хар гуна мархам ва чун халкунаида (мас., барои тайёр кардани кофур ва г.) истифода мебаранд. Шафтолу 6—14% канд, то — 1,02% чавхари себу лиму, 0,56— 1,26% пектин, 0,6—1 мг% каротин (провитамина А) ва витаминхои С, В дорад. Дар магзи донаки Шафтолу  20— 60% равган хаст.

Ад.: Скороход С. Т., Шохмуродова С. Б., Навъхои нави ояндадори шафтолу, «Хочагии кишлоки Точикистон», 1982,         1; Шайток И. М.. Культура персика, Киев. 1987; Культурные растения СССР, М., 1978. У. Трупов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …