Маълумоти охирин

ШАЧАРА

ШАЧАРА (ар.— дарахт), насабнома, силсилаи номхоеро гуянд, ки ба воситаи он аслу насаби авлоди муайян карда мешуд. Бештар дар асрхои миёна маъмул буд. Вобаста бо инкишофи афкори маънави Шачараро ба дигар мазмун низ истифода мебурдаги шуданд. Мас., хадис вакте муътабар дониста мешуд, ки гуяндаи он шачараи мухаддисонро то худи Мухаммад ва сахобахояш аз ёд номбар кунад. Агар Шачараро ном бурда натавонанд, хадис нокис дониста мешуд. Дар тасаввуф низ пайравони дар тарикат бояд шачара ё худ силсилаи пирони худро номбар менамуданд, ки он маъмулан аа ягон авлиё cap мешуд. Дертар барои муайян намудани аслу насаби чавонон хангоми никох шачараи онхоро муайян мекардаги шуданд. Баъзан онро барои муайян кардани ачдоди подшохону хокимон, кахрамонон, хочахо, саидхо ва дар Гарб — дворянхо, князхо, ва г. истифода мебурданд.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …