Науру (Nauru), Республикаи Науру, давлат дар чазираи Науру дар кисми чанубу гарбии укёнуси Ором. Масохат такрибан 22 км2. Ахолиаш зиёда аз 8 хазор нафар (1980), ки зиёда аз нисфи он тахчои — наурихо мебошанд, бокимонда — хитоихо, европоихо ва гайра. Такрибан 65% ахоли диндорон — протестантхо. Забони расми — науруи ва англиси. Мамлакат ба 14 округ таксим мешавад. Маркази маъмури — округи Ярен.
Науру аъзои Иттиходи Британияи Кабир мебошад. Конституцияи амалкунандааш соли 1968 кабул шудааст. Сардори давлат ва хукумат— президент аст, ки ба мухлати 3 сол интихоб мешавад. Органи конунбарор — Ассамблеяи конунбарор. Системаи судиаш — Суди оли ва судхои махалли. Дар мамлакат як партияи сиёси хаст, ки Партияи Науру ном дорад ва соли 1976 таъсис шудааст. Ягона ташкилоти иттифокхои касаба Таш- килоти коркунони саноати истехсоли фосфорит (таъсисаш соли 1953).
Науру атолле мебошад, ки бо харакати тектоники бардошта ва бо девори харсангхои марчонии зериоби ихота шудааст. Кули шириноби на он кадар калони лагуни дорад. Сатхаш пуштакух буда (баландиаш то 70 метр), дар сохилхо майдончахои борик мавчуд аст. Лагунахои кухна конхои калони фосфорит доранд. Иклимаш экватори ва намнок. Ха- рорат миёнаи мохола наздики 28° Селсия. Боришоти солона ба хисоби миёна такрибан 450 миллиметр. Набототаш — чангалхои сахтбарги сафедча. Фаунааш хусусияти чазираги дорад (паррандахои бисьёри бахри, хашарот). Асоси иктисодиёти Науруро истехсол ва экспорти фосфоритхо, ки аз соли 1970 дар дасти давлат аст, ташкил медихад. Захираи фосфоритхо кариб 42 миллион тонна, истехсолаш такрибан 2,1 миллион тонна (1979). Зироатхои тропики (нахли нордил, банан ва гайра) парвариш мекунад. Хунархои дасти ва мохидори равнак ёфтааст. Науру асосан фосфоритхо, инчунин копра (магзи нор- чил)-ро ба Австралия, Зеландияи Нав ва Япония экспорт мекунад. Аз хорича бошад, хуроквори, сузишвори, тачхизот барои истехсоли фосфоритхо ва молхои саноати меорад. Дар Науру як рохи шоссеи дарозиаш 20 киллометр хаст. Парки автомобилиаш зиёда аз 2000 автомобилхои сабукраву боркаш ва мотосиклхо дорад. Вохиди пул доллари австралияги.
Таълими бачахои 6—17 сола хатмист. Соли тахсили 1975/76 дар 3 мактаби ибтидои 1,5 хазор нафар, дар 2 мактаби миёна такрибан 500 нафар талаба мехонд. Наура соли 1798 кашф карда шудааст. Соли 1888 Германия аннексия карда, Науруро ба як кисми протекторати Гвинеяи Нав табдил дод. Дар давраи Чанги Якуми Чахон онро кушунхои Австралия ишгол намуданд (1914). Баъди чанг Науру территорияи зеримандатии Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Иттифоки Австралия шуд. Солхои 1942—45 онро Япония истило карда буд. Дар солхои 50 дар мамлакат мубориза барои истиклолият авч гирифт. Соли 1966 мамлакат ба хукуки худидоракуни сохиб шуд. Аз 1968 Науру давлати мустакил — Республикаи Науру эълон гардид.