Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Райони Панчакент

Райони Панчакент

Панчакент, райони маъмури дар вилояти Ленинободи РСС Точикистон. Саная таъсисаш 23 ноябри 1930. Дар во­дии Зарафшои вокеъ гашта, бо райони Айнии РСС Точикистон ва вилоятхои Самар­канд, Чиззах, Кашкадарё, Сурхондарёи РСС Узбекистон хамхудуд аст. Масохаташ 3,67 хазор км2. Ахолиаш 101456 нафар (1983), асосан точикон, инчунин узбекхо ва намояндагони миллатхои дигар. Зичии ахоли дар 1 км2 27,6 нафар. Район 14 Совети кишлок дорад: Амондара, Вору, Ёри, Колхозчиён, Коса­тарош, Могиён, Рудаки, Сучина, Фароб, Хурми, Чимцургоет, Чинор, Шинт ва Куштеппа. Маркази рай­он — шахри Панчакент.

Панчакент дар кисми миёнаи хавзаи дарёи За­рафшои чойгир аст. Релефаш кухист. Территорияи районро ба самти арзи се каторкух бурида мегузарад: дар Шимоли — Туркистон (баландиаш 2000—3000 м), дар мобайн — Зарафшон (3000—4000 м. дарёи Чимтарга дар куххои Фон — 5494 м), дар Хисор (то 4836 м).

Байни каторкуххои Хисору Зарафшон пастхамии Могиёну Фароб (баландиаш 1500—2000 м аз сатхи бахр) ва байни каторкуххои Зарафшону Туркистон водии Зарафшон (баландиаш 900—950 м аз сатхи бахр) вокеъ гаштаанд. Махалхои калони ахолинишин ва богу киштзорхо асосан дар хамворихои водил Зарафшои (хамвории Панчакент, даштхои Саразм, Мушхона, Малла, Маргедар, Ёри ва гайра) чой гирифтаанд, ки онхо дар асл суфахои кадимии дарё мебошаяд. Сарватхои зеризаминии Панчакент: ангашти бур, сурма, симоб, волфрам, калъаги, арсен, фосфорит, масолехи бинокори (охаксанг, гач, гил, регу шагал) ва гайра.

Иклими район континенти; тобистонни водихо гарм, куххо — муътадил; зимистони воихо мулоим, куххо — хунук ва кахратун. Харорати миёнаи июл дар водихо 25—30° С; дар куххо то 5—10° С; январ, дар водихо аз 0° то —5° С, дар куххо то —15, —20°С. Боришоти солона 200—300 мм, дар куххо 500—700 мм. Дар Панчакент дарё, кул ва чашмахо бисёранд. Дарёхо асоси: Зарафшон ва шохобхои он — Могиёя, Киштуд. Кулхои калонтарин: Куликалон, Маргзор, Нофия, Соя, Хушёр. Дар водии Зарафшон ва доманакуххо асосан хоки хокистарранги мукаррари ва хокистарранги тираи минтакаи дашти, дар дарёбод хоки аллювиали, дар куххо бошад, бештар хоки хокистарранги тира ва чигарранги минтакаи бешадашт, хокхои маргзори даштии минтакахои субалпи дучор меоянд.

Доманаю нишебии куххо то баландии 1800 м ба минтанка даштхои кухи, баландихоя 1800— 2500 м ба минтакаи бешадаштхои кухи, баландтар аз он бошад, ба минтакахон субалпиюалпи дохил мешаванд. Минтакаи даштхоро растанихои эфемери, шибог, боялич, алафхои хушадор ва минтакаи бешадаштхоро (каторкуххои Зарафшону Хисор) растанихои дарахтию буттаги. (заранг, хадашг, фарк, мушша, гуш, дулола, бодом, яхак, арча) ва алафзор (хушадорхо, чатргулхо, лубиёихо, кумот ва гайра) пушидаанд. Дар сою дарахо бештар санчид, олуча, чормагз, бед, хома, ангат, настаран, зирк, вагнич ва гайра меруянд.

Наботот дар нишебии чанубии каторкуххои Туркистон хеле кам буда, танхо дар баъзе чойхо дарахту буттахои бо­дом, дулона, арчазорхои сирак вомехуранд. Дарёбоди Зарафшонро чо- чо тугайзор (зарбед, ангат, хома, газ ва гайра) фаро гирифтааст. Район хочагии чангалпарвари дорад (107229 га). Олами хайвоноташ бой ва гуногун аст. Аз сумдорхо нахчир, муф­лон, гуроз, аз даррандахо шерпаланг (ирбис), силовсин, хирс, гург, шагол, рубох аз хояндахо кашхалдок, заргуш, чайра, юрмон, мушу калламуш, аз хазандахо хар гуна мор, калтакелос ва аз паррандахои шикорбоб тазарв, мургоби, кабк, мурги хилол, бедона ва гайра вомехуранд. Турайзори мавзеи Саразми дарёбоди Зарафшон ба мамнуъгох табдил дода шудааст.

Панчакент райони хочагиаш серсоха буда, дар иктисодиёти он хочагии кишлок чои аввалро мегирад. Махсусан тамоку ва гал­лакори (гандум, шоли ва гайра), богу токдори, сабзавоткори, кирмакдори, чорводорию паррандапарвари таракки кардааст. Район кариб 74% тамокуи республикаро истехсол мекунад. Соли 1982 район 11 колхоз, 5 савхозз, 2 хочагии махсуси истехсоли хуроки чорво ва 2 иттиходияи байнихочагии бурдокипарвари дошт.

Колхозхо ва маркази онхо: ба номи Рудаки (Кулоли), «За­рафшон» (Советобод), ба номи М. И. Калинин (Чорбог), ба номи В. И. Ленин (Сучина), ба номи А. А. Жда­нов (Майката), «Ленинград» (Чимкургон), «Коммунизм» (Могиён), «Правда» (Шинг), ба номи К. Маркс (Куктош)., «Съезди 22-юми партия» (Каттакишлок), ба номи Ф. Энгелс (Фароб). Совхозхо ва маркази онхо: богу токдории «Маргедар» (Гусар), «Навобод» (Навобод), «Панчакент» (Даштинав), сабзавоткории ба номи Ф. Э. Дзержинский (Тошманор), нихолпарвари (Даштималла). Итти­ходияи байнихочагии бурдокипарвари дар дехаи Ёри ва хукпарвари дар шахри Панчакент вокеъ гаштаанд.

Киштзори умуми 22218 га, аз хамин  хисоб замини оби 10355 га (1982). Аз чумла тамокузор 1989 га, галлазор 8399 га (шолизораш 669 га), богу токзор 3964 га, зироати хуроки чорво 2917 га, сабзавот 285 га, картошка 78 га. Саршумори чорвои чамъияти (1982, ба хисоби сар): гов 19742, бу­зу гусфанд 41187, хук 1302, асп 1092, парранда 27849. Район соли 1982 ба давлат 7009 т тамоку, 3256 т шоли, 5097 т сабзавот, 508 т картошка, 818 т меваи донакдор. 18344 т меваи бедонак, 12666 т ангур, 2337 т гушт, 7957 т шир, 1948 с палм, 2 млн 176 хазор дона тухм ва 448 ц пилла фурухт. Корхонахои саноатии район: заводхои консерви меваю сабзавот, коркард тамоку, хишт, вино (байнисовхозии Гусар), комбинатхои орду биринч гушту шир, хизмати манши ва стансияи чучабарори. Район 124 магазин, 123 нуктаи хуроки умуми ва 56 нонвойхона дорад. Дар Панчакент идорахои бинокори ва таъмиру бинокори, системаи обёри, иттиходияи районии «Селхозтехника», базан автомобилии ра­ками 37, идорахои рохсозии раками 6 ва 26, Экспедитсияи иктишофи ге­ологии Могиён ва гайра мавчуданд.

Соли хониши 1982/1983 дар Панчакент 43 мактаби миёна, 54 мактаби 8-сола, 7 мактаби ибтидои, мактаби мусичи, филиали омузишгохи тиббии шахри Ленинобод, омузишгоххои педагоги ва касбхои техники мавчуд буд, ки дар онхо 31816 нафар хонандагон тахсил мекарданд. Район театри халки, 2 хонаи маданият, 27 китобхона, 26 клуб, 26 дастгохи кинонамоишдихи дорад.

Дар 5 касалхонаи райони ва 9 беморхонаи участкави (1110 кат), 3 по­ликлиника, 8 дорухона, 6 амбулато­рия, 46 пункти фелдшерию тибби ва стансияи санитарию эпидемиологи 157 нафар духтурони маълумоти олидор, 490 нафар коркунони дорои маълумоти миёнаи тибби ва 194 нафар фелдшеру акушеркахо кор мекунанд (1983). Дар Панчакент санаторияи зидди касалихои сил, санаторияи бачагонаи Чимкургон, санаторияи пешгирии касалихо (Навобод) ва 2 лагери пионери хаст.

Наклиёти район асосан автомобилист. Бо шахри Душанбе (270 км) ба воситаи агбаи Анзоб, бо шахри Ленинобод (340 км) ба воситаи Самарканд ва агбаи Шахристон (282 км) алокаманд аст.

Газетаи райони— «Зарафшон» (таъсисаш 1932).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …