Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАНЕНКО Юрий Викторович

РОМАНЕНКО Юрий Викторович

РОМАНЕНКО Юрий Викторович (таваллудаш 1. 8. 1944, посёлкаи Колтубанови райони Бузулуки вилояти Оренбург) , лётчик-кайхоннаварди СССР, полковник, ду ка¬рат Кахрамонн Иттифоки Совети (1978, 1980). Аъзои КПСС аз соли 1965. Баъди хатми Омузишгохи олии харбии авиатсионии лётчикхо (шахри Чернигов) дар сафи Куввахои харбии хавои чун лётчик-инструктор хизмат кард. Аз соли 1970 дар отряди кайхоннавардон. 10 декабри 1977 ба сифати командири киштии кайхонии «Союз-26» ва ст. мадории идорашавандаи «Салют-6» (якчоя бо Г. М. Гречко) ба кайхон парвоз кард. Дар давоми парвоз ба ст. мадории «Салют-6» киштихои кайзонии «Со¬юз-27» (бо экипажи В. А. Чонибеков ва О. Г. Макаров) ва киштии кайхонии «Союз-28» (бо экипажи байналхалки А. А. Губарев ва В. Ремек) васл шуданд. Парвоз зиёда аз 96 шаборуз давом кард. 18. 9. 1980 маротибаи дуюм хамчун командири киш¬тии кайхонии «Союз-38» (хамроди Тамайо Мендес Арвалдо) ба кай¬хон парвоз кард. Киштии кайхонии «Союз-38» 19. 9. 1960 бо ст. мадории «Салют-6» куш шуд. Кайхонналархои Романенко ва Тамайо Мендес ба хучраи «Салют-6» гузаштанд. Дар давоми 7 рузи парвоз программаи пешбинишуда, ки олимони Куба ва СССР тартиб дода буданд, пурра ва бо муваффакият ичро гардид. Рузи 26. 9. 1960 Романенко ва Тамайо Мендес бо киштии «Союз-36» ба Замин баргаштанд.
Ба Романенко унвони Кахрамони РСЧС, Кахрамони Республикаи Куба низ дода шудааст. Бо 2 ордени Ленин, орде¬ни Ситораи Сурх ва ордену медалхои мамлакатхои хорича мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.