Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОКОССОВСКИЙ Константин Константинович

РОКОССОВСКИЙ Константин Константинович

РОКОССОВСКИЙ Константин Константинович (21. 12. 1896, шахри Вели¬кие Лукин вилояти Пскови хозира—3.
8. 1968, Москва), лашкаркаши совети. Маршали Иттифоки Совети (1944), ду карат Кахрамони Иттифоки Совети (1944 ва 1945). Аз оилаи мошинисти рохи охан. Аъзои КПСС аз соли 1919. Дар армия аз соли 1914. Иштирокчии Чанги якуми чахон (1914—1918), октябри 1917 ба Гвардияи Сурх, баъд ба Армияи Сурх дохил шуд. Иштирокчии Чанги граждани (1918—1920)—командири эскадрон, дивизиони алохида ва полки савораи алохида. Курсхои такмили ихтисоси хайати фармонде-
хони аскарони савора (1925) ва курсхои такмили ихтисоси хайатии сардорони харбии олирутбаи назди Академияи ба номи М. В. Фрунзеро (1929) хатм намудааст. Дар давраи) Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) ба корпуси 9-уми механиконида (то июли 1941), Армияи 16-уми Фронти Гарби (августи 1941—июл 1942), фронтхои Брянск (июл-сентябри 1942), Дон (сентябри 1942—феврали 1943), Маркази (феврал— октябри 1943), Белорус¬сия (октябри 1943—феврали 1944), 1-уми Белоруссия (феврал— ноябри 1944) ва 2-юми Белоруссия (аз ноябри 1944 то охири чанг) фармондехи кард. Кушунхо дар тахти фармондехии Рокоссовский дар мухорибахои Москва, Сталин¬град, Курск, дар амалиётхои Бело¬руссия, Пруссияи Шарки, Померанияи Шарки ва Берлин иштирок намуданд. 24 июни 1945 дар Москва Рокоссовский фармондехи паради Галаба буд. Солхои 1945—1949 сарфармондехи Гурухи кушунхои шимоли. Октябри 1949 бо ходими хукумати Полша ва бо ичозати Хукумати Совети Рокоссовский (ба РХП рафта, вазири Мудофиаи мил¬ли ва чонишини раиси Совети Вазирони РХП таъин гардид; ба у рутбаи харбии Маршали Полша дода шуд Рокоссовский аъзои Бюрои сиёсии КМ ПМКП ва депутати Сейм интихоб гардид Соли 1956 ба СССР баргашта, чонишини вазири мудофиаи СССР (ноябри 1956—июн 1957); Саринспектор — чонишини вазири мудофиаи СССР (июл — октябри 1957); фармондехи кушунхои округи харбии Закавказия (1957—1958); чонишини вазир ва Саринспектори Вазорати мудофиаи СССР (январи 1958— апрели 1962); Инспектори генералии Гурухи инспекторони генералии Вазора¬ти мудофиаи СССР (аз апрели 1962) буд. Номзад ба аъзоии КМ КПСС (1956—1968). Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 2, 5—7). Бо 7 ор¬дени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени «Галаба», 6 ордени Байраки Сурх орденхои Суворов ва Кутузов (дарачаи 1) ва медалхо, инчунин бо ордену медалхои хоричи мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.