Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИОНЕРХОИ ДЕМОКРАТ

РЕВОЛЮТСИОНЕРХОИ ДЕМОКРАТ

russkie-revolucionnie-demokrati

РЕВОЛЮТСИОНЕРХОИ ДЕМОКРАТ дар Р о с с и я, намояндагони харакати револютсиони, идеологхои демократияи дехконон. Кувваи пешбарандаи харакати озодихохи дар мархалаи разпочиги (нигаред, Разночинхо), пешгузаштагони сотсиал-демократияи Россия. Идеологияи револютсиони-демократи солхои 40 асри 19 ба вучуд омад ва дар харакати чамъиятии солхои 60—70 омили асоси гардид, Револютсионерхои демократ аз чихати баромади ичтимои асосан разночинхоанд, агарчи дар байни онхо дворянхо низ буданд. В. Г. Белинский яке аз аввалин Револютсионерхои демократ буд. Солхои 50—60 Револютсионерхои демократ  бо рохбарии Н. Г. Чернышевский, Н. А. Добролюбов, А. И. Герцин, Н. П. Огарёв ва дигар идеяхои худро дар сахифахои «Современник» (Хамзамон») ва «Колокол» («Зангула») таргиб мекарданд. Револютсионерхои демократ  идеяи револютсияи дехкононро бо идеяхои сотсиализми утописти мепайвастанд. Дехкононро дар мамлакат кувваи асосии револютсиони медонистанд; чунин акида доштанд, ки Россия баъди тавассути револютсияи дехконон бархам задани хукуки крепостнои капитализмро аз сар нагузаронида, ба воситаи чамоаи дехконон ба сотсиализм мерасад. Револютсионерхои демократ  ташкилотхои махфии револютсионии «Земля и воля» («Замин ва озоди»)-и солхои 60, «Земля и воля»-и солхои 70, «Народная воля» («Озодии халк») ва дигар ташкилотхоро ташкил карданд.

Идеяхои Револютсионерхои демократ  ба инкишофи илмхои чамъияти, адабиёт ва санъати халкхои Россия таъсири самарабахш расонд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …