Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД

РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД

novgorod1400

РЕСПУБЛИКАИ ФЕОДАЛИИ НОВГОРОД, давлати феодалии Рус дар асрхои 12—15. Дар натичаи таксимоти феодалии Руси Киев ба вучуд омад. Территорияи Республикаи Феодалии Новгород хавзаи кули Илмен, дарёхои Волхов, Ловати, Мсти ва Мологро дар бар мегирифт ва ба нохияхои Водек, Обонеже, Деревск, Шелонск ва Бежеск таксим мешуд. Дар ин давр заминхои Новгород аз хисоби мустамликакунии Поморя ва Урали Шимоли зиёд мешуданд. Машгулияти асосии ахоли зироат, шикор ва мохигири буд. Дар шахрхои кухнаи Новгород — Старая Русса, Ладога, Орешка ва дигар. шахрхо, ки худхокимии сиёси доштанд, косиби ва савдо ривоч дошт. Дар асрхои 14—15 заминдорин бояри афзуда, крепостнойгардонии дехконон пурзур гардид. Дар баробари инкишофи муносибатхои феодали дар Республикаи Феодалии Новгород дар асрхои 12—15 му-боризаи синфи низ хомуш намешуд. Органи олии хокимияти Республикаи Феодалии Новгород вече буд, дар асл бошад, давлатро совети боярхо бо сардории архиепископ идора мекард. Доираи ихтиёрдории князхои Новгород, ки аз киязихоя дигар даъват карда мешуданд, махдуд буд. Дар асрхои 13—15 ахолии Республикаи Феодалии Новгород якчоя бо халкхои Наздибалтика ба мукобили тачовузкории феодалони немис, швед ва Дания муборизаи беамон мебурд. Дар нимаи дуюми асри 15 Республикаи Феодалии Новгород ба хайати давлати мутамаркази Рус дохил гашт.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …