Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ ДЕМОКРАТИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ ДЕМОКРАТИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ  ДЕМОКРАТИИ  ГЕРМАНИЯ (Оеи1зсЬе БетокгаизсЬе НериЬНк), Республикаи  Демократии  Германия (БрК) — давлатест дар Европаи Маркази. Дар Гарб бо Республикаи Федеративии  Германия , дар Чануби Шарк бо Чехословакия ва дар Шарк бо Полша хамсархад буда, дар Шимол онро бахри Балтика ихота кардааст. Масохаташ 108,2 хазор километр2. Ахолиаш 16,702 хазор нафар (1983). Пойтахташ шахри Берлин. Территорияи Республикаи  Демократии  Германия  аз чихати маъмури ба 15 округ таксим шудааст.

germany

Сохти давлати. Республикаи  Демократии  Германия РДГ — республикаи социалисти. Конститутсияи хозирааш соли 1968 кабул шудааст. Тамоми хокимияти сиёсии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар дасти халк аст. Органи олии хокимияти давлати Палатаи халки мебошад. Хамаи партияхои сиёси ва ташкилотхои калонтарини чамъиятии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар Палатаи халки намоянда доранд. Палатаи халки ба кабул кардани конститутсия ва конунхо пурра ваколатдор буда, раис ва аъзоёни Совети давлати, раис ва аъзоёни хукумат (Совети Вазирон), раиси Совети мудофиаи милли, аъзоёни Суди оли, Прокурори генералиро интихоб мекунад. Органи олии ичроияи хокимияти давлати хукумат (Совети Вазирон) аст. Органи махаллии хокимияти давлати дар округхо, районхо, шахрхо ва обшинахо намояндагии халки аст, ки онро гражданхои дорои хукуки овоздихи интихоб мекунанд. Хар як намояндагии халки органхои ичроияи худ — советхо ва комиссияхоро ташкил менамоянд. Системаи суди Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз Суди оли, округи, райони ва судхои чамъияти иборат аст. Риояи конунияти сотсиалистиро прокуратура бо рохбарии Прокурори генералии Республикаи  Демократии  Германия РДГ назорат мекунад.

Табиат. Территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар минтакаи муътадили кисми марказии Европаи Миёна чой гирифтааст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ як катор чазирахо дорад, ки калонтаринашон Рюген, Уездом (кисми гарбиаш). ва Пёл мебошанд. Кисми зиёди территорияи шимолии мамлакатро хамвории Европаи Миёна (баландиаш то 150—200 метр) ишгол кардааст. Дар кисми чанубии мамлакат куххои начандон баланд мавчуданд, ки онхоро дарёхо бурида гузаштаанд; дар Гарб кисми чану5ии кухи Гарс, дар Чануби Гарб бешаи Тюринген, дар Чануб нишебии шимолии куххои Маъдин (кухи Фихтелберг —1213 метр, баландтарин дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ) вокеъ гаштаанд. Сарватхои зеризамини: ангишти бур, намакхои калий, вараксанг, газ, нефт, сурб, рух, охан, маъдани уран. Иклимаш муътадил, дар Шимол ва шимоли гарби Республикаи  Демократии  Германия РДГ — бахрист, иклими нохияхои бокимонда аз бахри ба континенти табдилёбанда аст. Харорати миёнаи январ дар Шимол аз —0,1*Селсия то 0,6*Селсия, дар Шарк то —1,5°Селсия, дар нохияхои кухии чануби —4, —5*Селсия, дар нохияхои назди сохил: июл 16—17°Селсия, дар кисми марказии мамлакат аз 17,5*Селсия то 18,5*Селсия, дар куххо 15—16вСелсия. Боришоти солона дар Шимол 525— 650 миллиметр, дар Шарк ва аксари территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ 480—610 миллиметр, дар куххо 900—1100 миллиметр. Кисми зиёди территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба хавзаи дарёи Элба ва як кисми территорияи мамла- кат ба хавзаи дарёи Одер, кисми шимолиаш ба хавзаи бахри Балтика, гарбиаш ба хавзаи дарёи Везер ва кисми чануби гарбиаш ба хавзаи дарёи Майн (шохоби Рейн) мансубанд. Шохобхои калонтарини Элба: Хафел бо Шпре, Заале бо Вейсе-Элстер ва Унструт, Шварсе-Элстер, Мулде. Кулхои калонтарин: Мюрис, Шверинер-Зе, Пла- уэр-Зе, Куммеровер-Зе. Хокаш асосан хокистарранг. Хоки сохилхои кули Мекленоург ва чануби гарбии мамлакат — буру хокистарранг. Доманаи куххои Гарс ва хамвории Тюрингия сиёххок мебошад. Дар Шимол кочзорхои калон мавчуданд. Дар куххо чангалхои олаш, коч низ хастанд. Дар минтакаи кулхои Мекленбург бешахои хурд-хурди олаш, коч бисёранд. Аксари хайвоноти Республикаи  Демократии  Германия РДГ бешагист (оху, хонгул, гуроз ва гайра). Ширхурони майда низ бисёранд (заргуш, муш, калламуш, харгуши вахши). Паррандахояш: гунчишк, соч, эзорсурхак, куку, фароштурук, кабк, та- зарв, дугдог, лаклак, турна ва гайра. Дар кулу дарёхо загорамохи, шур- тан, гулмохи ва гайра хастанд.

Ахоли. Хайати миллии Республикаи  Демократии  Германия РДГ якхела аст; бештар аз 99% ахоли немисхо. Кисми ками ахолии мамлакат лужихо (сорбхо) мебошанд (кариб 100 хазор нафар), ки дар Шарки мамлакат (округхои Котбус ва Дрезден) истикомат доранд. Аксарияти диндорон протестант буда, католикхо нисбатан каманд. Зичии миёнаи ахоли торафт меафзояд. Зичии ахоли дар округи Нёйбранденбург нихоят кам (дар 1 километр2 59 кас), дар округи Карл- Маркс-Штадт хеле зиёд аст (дар 1 километр2 341 кас). Ахолии шахр (якчоя бо махалхои ахолинишине, ки ахолиашон зиёда аз 2000 нафар) 74% аст. Шахрхои калонтарин:            Берлин, Лейпсиг, Дрезден, Карл-Маркс- Штадт, Магдебург, Галле, Эрфурт, Росток. Шахрхои Эйзенхюттенштадт, Галле-Нёйштадт навбунёданд.

Очерки таърихи. Галабаи оламшумули таърихии коалитсияи зиддигитлери бар фашизми Германия дар Чанги дуюми чахони (1939—45), ки дар он Иттифоки Совети кувваи асоси буд, барои демократикунонии хаёти чамъиятию сиёсии Германия шароити мусоид фарохам овард. Синфи коргари немис якчоя бо дигар таба- кахои мехнаткашон ва бо рохбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия (ПЯСГ) дар мамлакат дигаргунихои куллии револютсиони ба амал овард. Фашизм ва милитаризм решакан карда шуда, тартиботи зиддифашисти ва демократи чори гардид. Маъмурияти харбии совети, ки дар ин мамлакат мувофики карори Конференсияи Потсдам (1945) амал мекард, ба халки немис дар бобати ба хаёт тадбик намудани ин дигаргунихо хамеша ёрии холисона мерасонд. Чинояткорони харби ва фашистони ашади аз мансабхояшон дур ва ба чавобгари кашида шуданд. Партияи милли — сотсиалисти бо та- моми ташкилотхояш пароканда карда шуд. Такрибан 9,3 хазор корхо- нахои саноати, ки ба монополияхо, насистон ва чинояткорони харби тааллук доштанд, мусодира карда шуданд. Кариб тамоми рохи охан милли кунонида шуд, ба чои банкхои капиталисти банкхои халки, ин- чунин муассисахои давлати ва кооперативхо ташкил шуданд. Дар ик- тисодиёт сектори халки ба вучуд омад. Дар хочагии кишлок ислохоти аграри гузаронида шуд, ки он заминдории помешикию юнкёриро бархам дод. Органхои махаллии худидоракуни 3,3 миллион гектар замини 13,7 хазор хочагихоро мусодира намуда, 2,2 миллион гектар заминро ба дехконони безамин ва камзамин таксим карда доданд, бокимонда замини мусодирашуда моликияти халки гардид. Доирахои хукмрони давлатхои Гарб бо буржуазияи калони Гарманияи Гарби, ки онхоро пешвоёни рости сотсиал-демократхо дастгири мекарданд, забон як карда, хилофи карори Конференсияи Потсдам рохи аз нав ба вучуд овардани милитаризми Германияро пеш гирифтанд. Монополияхои Германия ва хукумати оккупатсионии гарб бар зидди куввахои демократи ва барои таксими пурраи мамлакат муборизаро пурзур мекарданд. Ин ихтилофандози боиси ташкил ёфтани давлати сепаратии — Республикаи Федеративии Германля (РФГ) гардид (сентябри 1949). Мехнаткашони кисми шаркии Германия  7 октябри 1949 Республикаи Демократии Германияро эълон карданд. Совети халкии немис (марти 1948 Конгресси халкии немис ташкил намуд) ба Палатаи муваккатии халки табдил дода шуд, ки он конститутсияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро (лоихаашро солхои 1948—49 халк мухокима карда маъкул донист) кабул кард. 11 октябри 1949 парламенти муваккати В. Пикро пре- зиденти Республикаи  Демократии  Германия РДГ интихоб намуд. 12 октябри бо сардории 0. Гротеволь Хукумати муваккатии Республикаи  Демократии  Германия РДГ барпо карда шуд. Ташкили Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар хаёти халки немис вокеаи мухими таърихи, дар таърихи Германия гардиши куллие буд.

Барпо гардидани Республикаи  Демократии  Германия РДГ натичаи конунии табаддулоти зиддифашисти- демократие буд; куввахои тараккипарвари халки немис чавобан ба кушишхои давлатхои Гарб ва куввахои иртичоии Германияи Гарби, ки мехостанд Германияро таксим кунанд, Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро барпо намуд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ бехтарин анъанахои таърихии халки немис, идеалхои озодидусти ва со- тсиалистии фарзандони содики Германияро дар худ тачассум намуд. Хукумати Совети вазифаи идоракунии мамлакатро, ки маъмурияти харбии совети ба ухда дошт, ба зиммаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ гузошт. Соли 1949 Союз Советских Социалистических Республик СССР, Республикаи Халкии Хитой, Полша, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Булгория, Албания, Республикаи Халкии Демократии Корея ва соли 1950 Республикаи Халкии Мугулистон Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро ба расмият шинохтанд ва бо он муносибатхои дипломати мукаррар намуданд; соли 1957 Югославия ва соли 1963 Куба бо Республикаи  Демократии  Германия РДГ муносибатхои дипломати мукаррар карданд. Баъди ташкили Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар мамлакат тартиботи зиддифашисти- демократи мустахкам шуда, просесси барпо намудани асосхои чамъияти сотсиалисти огоз ёфт. Ба Республикаи  Демократии  Германия РДГ лозим омад, ки пеш аз хама душворихои бо чудошавии мамлакат вобастаро бартараф намояд. Доирахои хукмрони Республикаи  Федеративии  Германия РФГ ба Республикаи  Демократии  Германия РДГ фишори сахти сиёсию иктисоди меоварданд, ба мукобили давлати чавон фаъолияти вайронкоронаро вусъат дода, муттасил игвогарихо ташкил менамуданд (масалан, балвои зиддиреволютсионии 17 июли 1953). Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз манбаи ашёи хом махрум шуда буд. Конхои асосии ангиштсанг, маъдани охан, металлхои ранга дар худуди Германияи Гарби монданд. Дар натичаи мехнати фидокоронаи синфи коргар хамаи душворихо бартараф карда шуданд, плани дусолаи (1949—50) баркароркуни ва тараккиёти хоча- гии халк пеш аз мухлат ичро гардид. Ёрии хаматарафаи Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатхои сотсиалисти барои пешрафти Республикаи  Демократии  Германия РДГ ахамияти махсус дошт. Дар охири солхои 50 сохти ичтимоию иктисодии мамлакат ба кулли тагйир ёфт. Дар саноат, наклиёт, савдо сектори сотсиалисти мавкев асоси дошт. Кооперативонии хочагии  кишлок бомуваффакият мегузашт. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ истисмори одам аз тарафи одам ва бекории мехнаткашон тамоман бархам хурд. Ягонагии сиёсию маънавии мехнаткашон бо рохбарии синфи коргар боз хам мустахкам шуд. Фронти миллии демократии Германия тахти рохбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ тамоми партияхои прогрессиви, ташкилотхои чамъиятиро дар заминаи сулху амони,  дигаргунсозихои демократи, сохтмони чамъияти сотсиалисти муттахид намуд. Дар натичаи тараккиёти босуръати хочагии халк ахволи моддии мехнаткашон бехтар гардид, шумораи беморхонахо, амбулаторияхо, хонахои истирохат, муассисахои бачагона афзуд. Бо максади бехтар кардани кори органхои давлати ва ба идоракунии давлат чалб намудани доираи васеи оммаи мехнаткашон як катор чорахо андешида шуданд. Сентябри 1960 аз чумлаи депутатхои Палатаи халки ва намояндагони Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ, партияхои демократи ва ташкилотхои чамъияти Совети давлати ташкил гардид. В. Улбрихт раиси он интихоб шуд (хамон вакт котиб» якуми Комитети Марказии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ буд).

Аз нав мусаллахонидани Республикаи  Федеративии  Германия РФГ барои Республикаи  Демократии  Германия РДГ вазъияти нихоят хавфнок ба вучуд овард. Мехнаткашони Республикаи  Демократии  Германия РДГ барои мухофизати музаффариятхои сотсиалисти чорахои зарури андешиданд. Бо хамин максад соли 1956 Армияи миллии халки ташкил карда шуд. Барои таъмини манфиатхои давлатии худ ва бехатарии дигар мамлакатхои сотсиалисти, инчунин пешгири кардани фаъолияти вайронкоронаи Германияи Гарби Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо ризоият ва дастгирии давлатхои Шартномаи Варшава (1955) августи 1961 як катор чорахои зарури андешид. Ин чорабинихо ба пурзур кардани мухофизат ва назорати сархади байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Берлини Гарби нигаронида шуда, ба пешрафти минбаъдаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароити мусоид фарохам овард. Дар Съезди 6-уми Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ (январи 1963) Программаи Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ — программаи сохтмони пурарчи чамъияти сотси- алисти кабул карда шуд. 6 апрели 1968 референдуми умумихалки Конститутсияи нави сотсиалистии  Республикаи  Демократии  Германияро кабул кард. Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сиёсати берунии худ кушиш менамояд, ки робитахои дустиро бо Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатхои сотсиалисти инкишоф дихад ва мустахкамтар намояд. Шартномае, ки 20 сентябри 1955 ба имзо расидааст, муносибатхои баробархукукии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро аз чихати юридики асоснок кард. Марти 1957 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ оид ба шартхои дар территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ муваккатан нигох доштани кушунхои совети созишнома ба имзо ра- сид. Июни 1964 байни Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ Шартномаи дусти, ёрию хамкори баста шуд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ тобистони 1950 бо Полша, Чехословакия, Венгрия, Булгория ва Руминия декларасияи дутарафа баст, ки ин кадами аввалини Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сиёсати беруни буд. Мувофики декларасияи Варшава (6 июни 1950) доир ба сархади байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Республикаи Халкии Полша Шартномаи Згожелеский баста шуд. Декларатсияи Прага (1950) кайд намуд, ки дар байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Чехословакия масъалахои бахснок нест ва хар ду тараф ба хамдигар даъвои территорияви надоранд. Соли 1957 дар байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Полша, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Чехословакия, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Венгрия, Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Булгория шартномаи дусти, хамкори ва ёрии бай- нихамдигари баста шуд. Ин шартномахо воситаи мухими системаи хамкории бисёртарафа дар доираи Шартномаи Варшава гардиданд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз сентябри 1955 аъзои Шартномаи Варшава, аз сентябри 1950 аъзои Совети ёрии байнихамдигарии иктисоди мебошад. Соли 1967 Шартномахои нави дутарафаи дусти, хамкори ва ёрии байнихамдигарии Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо Республикаи Халкии Полша, Республикаи Сотсиалистии Чехославакия РСЧС, Республикаи Халкии Венгрия РХВ ва Республикаи Халкии Булгория РХБ ба имзо расид.

Мувофики нишондоди карорхои съездхои 7-ум (1967) ва 8-уми (1971) Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба сохтмони чамъияти сотсиалистии мутаракки шуруъ намуд. Республикаи Халкии РДГ ба иттифок ва дастгирии иттиходи мамлакатхои сотсиалисти такя намуда, дар нимаи аввали солхои 70 аз мухосираи дипломатие, ки куввахои реаксияи байналхалки ба вучуд оварда буданд, озод шуд. Июни соли 1973 Шартномаи оид ба асосхои муносибати байни Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Республикаи Федеративии Германия расми гардид. Сентябри 1973 Республикаи  Демократии  Германия РДГ аъзои комилхукуки ТДМ ва дигар ташкилотхои байналхалки шуд. Октябри 1974 ба конститутсияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ тагйирот ва иловахое дохил карда шуданд, ки муво-фики онхо Республикаи  Демократии  Германия РДГ давлати сотсиалистии коргару дехкон, ташкилоти сиёсии мехнаткашони шахру дехот дониста шуд. Дар Конститутсия (моддаи 6) гуфта шудааст, ки Республикаи  Демократии  Германия РДГ ва Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти бо риштахои дусти зич алокаманд мебошанд. 7 октбяри 1975 дар Москва Шартномаи нави дусти, хамкори ва ёрии байнихамдигарии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи  Демократии  Германия РДГ баста шуд. Съеади 9-уми Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ (1976) Программаи нави партияро кабул кард ва ба Устави партия тагйирот даровард. Партияи ягонаи сотсиалистии Германия,— гуфта мешавад дар Программа,— дар назди худ вазифа мегузорад, ки дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ сохтмони чамъияти мутараккии сотсиалистиро давом дода, нихоят барои гузаштан ба чамъияти коммунисти заминаи асоси ба вучуд оварда шавад.

Комёбихои Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сохахои иктисодию сиёси, муборизаи он барои сулх ва бехатарии Европа ба афзудани эътибор ва нуфузи вай дар корхои байналхалки ёри мерасонанд. Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар охири 1983 бо 131 мамлакат муносибатхои дипломати дошт.

Партияхоя сиёси, иттифокхои касаба ва ташкилотхоя чамъияти. Партияи ягонаи сотсиалистии Германия (ПЯСГ), соли 1946 дар натичаи дар асосхои марксизм-ленинизм муттахид шудани Партияи коммунисти ва Партияи сотсиал-демократи ташкил ёфтааст. П а р т и яи либерали-демократии Германия (ПЛДГ), таъсисаш 1945. Иттифоки христиани-демократи (ИХД), таъсисаш 1945. Партияи демократии дехконони Германия(ПДДГ), таъсисаш 1948. П а р т и я и милли-демократии Германия (ПМДГ), таъсисаш 1948. Иттиходи иттифокхои касабаи озоди немис (ИОИКН), аъзои Федератсияи умумичахонии иттифокхои касаба. Иттифоки чавонони озоди немис (ИОЧН). Иттифоки демократии занони Германия (ИДЗГ), Кул-турбунди Республикаи  Демократии  Германия РДГ. Чамъияти дустии Германия ва Иттифоки Совети.

Фронти миллии Республикаи  Демократии  Германия РДГ. Бо рохбарии Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ хамаи партияхои сиёси ва ташкилотхои оммавии Республикаи  Демократии  Германия РДГ-ро муттахид мекунад.

Иктисодиёт. Республикаи  Демократии  Германия РДГ мамлакати мутараккии индустриалист. Аз чихати истехсоли махсулоти саноати Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар катори 10 мамлакати пешкадами индустриали мебошад. 67% махсу-лоти умумии чамъиятиро саноат истехсол мекунад. Саноати Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз се сектор иборат аст: сотсиалисти (корхонахои давлати ва кооперативхои истехсолии хунармандон); бо иштироки давлат; хусуси. Сектори сотсиалисти дар чои аввал меистад. Саноати мошинсози ва коркарди металл, химия, электротехника ва электроника, оптика, саноати сабук нисбат ба дигар сохахо бештар таракки кардааст. Соли 1983 105 милиард килоВатт-соат кувваи электр, 278 миллион тонна ангишти бур, 2207 хазор тонна чуян, 7219 хазро тонна пулод, 11782 хазор тонна семент, 150 хазор тонна нахи синтетики, 19365 дастгоххои металлбури, 188 хазор мошини сабукрав истехсол карда шуд. Саноати бофандаги ва дузандаги бештар, хочагии кишлоки Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз он хам хубтар таракки кардааст. Вай хуб механико-нида ва химиконида шудааст. Дар ихтиёри кооперативи истехсолии хочагии кишлок ва мулки халки, аз чумла иттиходияхои кооперативии растанипарвари 94,6% тамоми замини хочагии кишлок Республикаи  Демократии  Германия РДГ мебошад. Бештар галладона (зиёда аз 50% киштзор), инчунин картошка ва зироатхои дигари кишт мешаванд. Аа зироатхои техники асосан лаблабуи канд парвариш мекунанд. Дар нохияхои атрофи шахр сабзавоткори ва богдори ривоч ёфтаанд. Соли 1982 дар мамлакат (ба хисоби хазор тонна) галладона 10114, зироати равгандех 318, картошка 7003, лаблабуи канд 5438 истехсол карда шуд. Чорводори таракки кардааст; талаботи мамлакатро ба гушт, шир ва тухм пурра таъмин мекунад. Охири соли 1983 Республикаи  Демократии  Германия РДГ 5,7 миллион сар гов, 12,8 миллион сар хук, 2,3 миллион сар гусфанд, 26 миллион мург дошт. Мохидори асосан дар бахри Балтика мавкеи калон дорад. На-клиёти Республикаи  Демократии  Германия РДГ нихоят таракки кардааст. Воситаи асосии боркашонии мамлакат наклиёти рохи охан мебошад. Тули рохи охан 14,2 хазор километр. Дарозии роххои автомобилгард 47,5 хазор километр. Наклиёти оби ва хавоии дохили низ таракки кардааст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ бо аксарияти мамлакатхои чахон алокаи тичорати дорад. Кисми зиёди савдои берунии Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба сахми мамлакатхои сотсиалисти рост меояд. Шарики калонтарини савдои Республикаи  Демократии  Германия РДГ Иттифоки Совети мебошад. Бештар дастгоххои металлбури, тачхизоти саноати химия, кишти, махсулоти саноати оптика, полиграфия, инчунин саноати сабук ва хуроквориро экспорт мекунад. Аз хорича сузишвори, мошин ва тачхизот мегирад. Хачми махсулоти экспорт ва импорт кариб баро-бар аст. Республикаи  Демократии  Германия РДГ инчунин махсулоти саноати хуроквори, хочагии кишллок, ва хочагии чангалро аз хорича мегирад. Вохид и  п у л — маркаи Республикаи  Демократии  Германия РДГ.

Нигахдории тандурусти. Соли 1970 дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба 1000 нафар ахоли 13,9 таваллуд, 14,1 фавт ва ба 1000 кудаки навзод 18,8 фавт рост омад. Дарозни умри миёнаи мардон 67,8 сол ва занон 73,1 сол. Беморихои гайрисирояти (асосан беморихои дилу раг ва саратон) пахн шудаанд. Ба тамоми мехнаткашон ва аъзоёни оилаашон ёрии тиббии бепул расонда мешавад. Соли 1970 дар мамлакат 626 беморхонаи дорои 190 хазор кат (11,1 кат ба 1000 кас) буд. 423 беморхонаи умуми (130,4 хазор кат), 111 клиникаи назди университетхо ва академияхои тибби (18,7 хазор кат), дар назди 7 институти тадкикоти илми стадионархо (921 кат) низ амал мекунанд. Соли 1970 ба ахоли 452 поликлиника ва 828 амбулатория, 178 санаторияю хонахои истирохати (18, 2 хазор кат) хизмат ра-сонданд. Дар мамлакат 27,3 хазор (1 духтур ба 626 кас), 7,3 хазор духтури дандон, 2,9 хазор фармасевт, 245,1 хазор корманди миёнаи тибби кор мекунад (1970). Духтуронро 6 факултети тиббии университетхо ва 3 академияи тибби тайёр менамоянд.

Маориф, муассисахои маданию маърифати ва илми. Системаи маорифи халки Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба конуни системаи ягонагии сотсиалистии маориф, ки соли 1965 кабул гардидааст, асос меёбад. Соли 1969 дар ясли ва богчахои бачагон 758,7 хазоркудак тарбия ёфт. Соли тахсили 1970/71 дар мактабхои миёнаи 10-сола 2,5 миллион талаба тахсил мекард. Дар асоси мак-табхои миёнаи 10-сола мактабхои миёнаи маълумоти умумии 2-сола амал мекунанд, ки онхо ба мактабхои оли дохилшавандагонро тайёр менамоянд. Дар асоси мактабхои миёнаи 10-сола мактабхои касбии 2-сола дониши касби медиханд. Барои як кисми хонандагоне, ки баъди хатми синфи 8 аз мактаби миёна мераванд, мухлати тахсил дар мак-табхои касби 3 сол мебошад. Бисёр мактабхои касби баробари дипломи коргари ихтисоснок номаи камол хам медиханд. Соли тахсили 1970/71 дар тамоми мактабхои касби кариб 430,9 хазор талаба мехонд. Мутахассисони системаи маорифи халк дар заминаи мактабхои миёнаи 10-сола тайёр карда мешаванд. Омузишгохи педагогии 2-сола мураббияхои богчаи бачагон, институтхои 3—4-сола муаллимони синфи ибтидоии мактаби миёнаро тайёр менамоянд. Соли тахсили 1969/70 дар омузишгоххои миёнаи педагоги кариб 25 хазор талаба мехонд. Муаллимони сохавии синфхои 5— 12-ро мактабхои оли тайёр мекунанд. Соли тахсили 1970/71 дар 54 мактаби олии мамлакат 138,7 хазор студент мехонд. Мактабхои олии ка-лонтарин: Университети ба номи Гумболдт дар Берлин, Университети ба номи Карл Маркс дар Лейпсиг (таъсисаш соли 1409). Университети ба номи Ф. Шиллер дар Йен (таъсисаш соли 1557), Университет дар Росток (таъсисаш соли 1419), Университети ба номи Э. М. Арндт дар Грейфсвалд (таъсисаш соли 1456) ва гайра. Китобхонахои калонтарин: Китобхонаи давлатии немис дар Берлин (таъсисаш 1661), китобхонаи Университети Берлин (таъсисаш 1831), Китобхонаи немис (таъсисаш 1912) ва китобхонаи Университети ба номи Карл Маркс (таъсисаш 1543) дар Лейпсиг. Музейхо:        Музеи давлати (таъсисаш 1830), Музеи таърихи немис дар Берлин, Музеи бадеии Берлин Республикаи  Демократии  Германия (РДГ), Нигористони Дрезден (таъсисаш 1560), Музеи миллии адабиёти классикии немис дар Веймар, Музеи таърихи харакати коргари дар Германия ва Музеи китобхо дар Лейпсиг, Музеи ёдгории хотираи шахидони фашизм дар Бухенвалд ва гайра. Дар территорияи хозираи Республикаи  Демократии  Германия РДГ баъди ба охир расидани Чанги дуюми чахони (1939—45) муассисахои илмие, ки бо тадкикоти илмхои табии ва техники машгул бошанд, кам буданд. Бисёр муассисахои тадкикоти илми вайрон шуда, баъзеашон дар кисми гарбии Германия чойгир буданд. Баъд аз торумори фашизми немис барои тараккиёти илм ва маданият дар территорияи Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароити мусоид фарохам омад. Хануз соли 1946 дар ин чо 8 университет ва дигар мактабхои оли ба кор шуруъ карда буданд. Академияи фанхои Германия соли 1946 дар Берлин таъсис ёфт. Солхои 1949—50 Органи марказии Совети Вазирони Республикаи  Демократии  Германия РДГ доир ба тадкикот ва техника ташкил карда шуд. Вазорати илм ва техника рохбарии умумии илмро ба зимма дорад. Соли 1957 ба сифати органи марказии консултативии Совети Вазирони Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар сохаи илмхои табиатшиноси ва техники Совети тадкикоти илмии Республикаи  Демократии  Германия РДГ таъсис ёфт. Муассисаи илмии пешкадами Республикаи  Демократии  Германия РДГ — Академияи Фанхои Германия дар Берлин.

Матбуот, радио ва телевизион. Республикаи  Демократии  Германия РДГ аз чихати шумораи матбуоти даври ва тиражи умумиашон дар чахон яке аз чойхои аввалинро мегирад. Соли 1970 дар мамлакат 40 газетаи харруза ва 30 газетаву журнали хархафтаина нашр мешуд. Холо 15 газетаи Партияи ягонаи сотсиалистии Германия ПЯСГ, аз чумла газетахои харрузаи «Нойес Дойчланд* («Иеиез БеиисЫаш!»), аз соли 1946 дар Берлин, «Лейпсигер фолкссайтунг» («Бепцаяег Уо1кз2еМип£») дар Лейпсиг, «Фрайхайт» («РгеШеН»), аз соли 1946 дар Галле ва гайра нашр мешаванд. Дар мамлакат 513 журнали сохави мебарояд ва онхо комёбихои илмхои гуногунро таргиб менамоянд. Дар фаъолияти матбуот агентии телеграфии ахбороти «Алгемайнер Дойчер нахрихтендинст» (АДН) мавкеи калон дорад. Ба воситаи радиостансияхои «Радио ДДР I», «Радио ДДР II», «Берлинер рундфунк», «Берлинер велле», «Дойчландзендер» ва «Радио Берлин — интернасионал» 6 барномаи асоси ва 10 барномаи махалли ба 12 забон (немиси, руси, англиси, франсави, чехи, поляки, венгери, румини, булгори, араби, италияви, испани) шунавонида ме-шаванд. Студияи марказии телевизионии мамлакат дар Берлин вокеъ гардида, бо ду программа кор мекунад.

Адабиёт. Баъди аз Чанги дуюми чахони нависандагони антифашист дар сохтмони аввалин дар таърихи Германия давлати коргару дехкон— Республикаи  Демократии  Германия РДГ фаъолона иштирок намуданд. Нависандагони Республикаи  Демократии  Германия РДГ анъанаи классикии адабиёти немис, реализми танкиди ва адабиёти пролетари-револютсионии асри 20-ро давом ва адабиёти миллии реализми сотсиалистиро бомуваффакият инкишоф доданд. Эчодиёти реализми танкидии Т. Мани, Г. Манн, Л. Фейхтвангер мавкеи калон дорад. А. Свейг (1887—1968), Г. Фаллада (1893—1947), Б. Келлерман (1879—1951) барин намояндагони зиёиёни пешина ба адибони пешкадам хамрох шуданд. Фаъолияти ташкилотчигию адабии И. Р. Бехер ба ташаккули адабиёти миллии сотсиалистии Республикаи  Демократии  Германия РДГ замина гузошт. Дар инкишофи тамоми маданияти Республикаи  Демократии  Германия РДГ Б. Брехт (1898—1956) хиссаи бузург дорад. Фаъолияти адаби, театри ва назарии у дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ ба дарачаи боз хам баланд баромад: драмахои «Рузхои Коммуна» (1949), «Давраи табошири Кавказ» (1948—49). Мавзуъхои асосии адабиёти Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар солхои аввали давраи баъди чанг: фош кардани идеология ва амалияи фашизм, ошкор намудани решахои ичтимоию синфии он, тарбияи хисси масъулияти одам дар назди халки худ ва таърих. Ин проблемахо дар насри A.Зегерс, (1900—1983); романи «Мурдахо чавон мемонанд», 1949, повести «Инсон ва номи у» (1952), Л. Ренн (таваллуд 1889; повести «Трини», 1954), B.Бредел (1901—64; романхои «Писархо», 1949, «Наберагон», 1953), назми Э. Вайнерт (1890—1953), драматургияи Ф. Болф (1888—1953; «Маслихати худохо», 1949),  назму насри Ф. Фюман (таваллуд 1922), К. Бартел (тахаллусаш—Куба; 1914—67), Э. Штритматтер (таваллуд 1912), Б. Анис (таваллуд 1900) мавкеи калон доранд. Эчодиёти В. Нёйхауз (таваллуд 1929), Д. Иолл (таваллуд 1927), X. Нахбар (таваллуд 1930), Э. Нойч (таваллуд 1931), Й. Бобровский (1917—65) шаклгирии шуури сотсиалистиро дар бар гирифтаанд. Манзараи васеи тараккиёти чамъияти сотсиалистиро дар Республикаи  Демократии  Германияро РДГ романи «Бовари»-и А. Зегорс хеле хуб тасвир кардааст. Солхои 60 шоирони лирик Г. Кунерт (таваллуд 1929), X. Калау (таваллуд 1931), К. Микел (таваллуд 1935), Ф. Браун (таваллуд 1939), драматургон X. Байерл (таваллуд 1926), П. Хакс (таваллуд 1928), X. Мюллер (таваллуд 1929), носирон К. Волф (таваллуд 1929), Г. Кант (таваллуд 1926) ба майдон омаданд. Адабиётшиносони немис А. Курелла, М. Лоренс асархои нависандагони советии точик, аз он чумла асархои Садриддин Айниро ба забони немиси тарчума кардаанд ва комёбихои адабиёти советии точикро дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ таргиб менамоянд.

Меъмори ва санъати тасвири. Моликияти  халки гардидани замин ва ба вучуд омадани саноати давлатии сохтмон барои босуръат пеш бурдани корхои баркароркуни ва сохтмон дар мамлакат мусоидат намуданд. Соли 1950 дар бораи баркароркуни ва сохтмони шахрхо конун кабул карда шуд, коидахои асосии шахрсозии со- тсиалисти муайян гардиданд. Барои сохтмони шахрхои нав (Хойерсверд, Шведт, Галле-Нейштадт, Люттен- Клейн, Яена-Лобеда ва азнавсозии кисмхои кухнаи шахрхо (майдони Александер-плас ва Ленинплас, кисми дуюми кучаи ба номи Карл Маркс-алле дар Берлин, районхои Дрезден, Карл-Маркс-Штадт, Лейпсиг, Магдебург, Росток) махаллахои яклухти истикомати, ансамбли майдонхо ва бинохои калони чамъияти хос мебошад. Меъморон Г. Хензелман, 3. Зелманагис Р. Паулик, X. Хопп, Ф. Эрлих, X. Граффундер, Й. Нетер, Й. Кайзер, Б. Флирл бо лоихахои нодирашон дар мамлакат ном баровардаанд. Санъати тасвири дар асоси анъанахои санъати проле- тарии револютсионии немис, ки рассомони хакикатнигори насли калонсол саромадонаш буданд, инкишоф меббад. Рассомон X. ва Л. Грундиг, М. Лингнер, О. Нагел, Ч. Хартфилд, А. Мор, Ф. Кремер, В. Арнолд, Т. Балден бо асархои баландмазмунашон шухрат доранд. Дар эчодиёти хайкалтарошон В. Фёрстер, В. Штётсер, Г. Роммел, Й. Ястрам, В. Фитсентрайтер, Г. Лихтенфелд, Ю. фон Войский, рассомон В. Вомака, В. Нойберт, К. X. Якоб, Г. Брендел, А. Мюнх, Р. Парис, Ф. Глазер, В. Франкенштайн симои мехнаткашони Республикаи  Демократии  Германия РДГ, зисту зиндагонии онхо хаматарафа инъикос ёфтаанд. Як катор хайкалтарошони совети Б. В. Вучетич, Н. В. Томский, Л. Б. Кербел дар территорияи  Республикаи  Демократии  Германия РДГ асархои монументали эчод кардаанд.

Е. В. Вучетич. Хайкали чанговари озодибахш аз ансамбли ёдгори ба хотираи чанговарони Армияи Совети, ки дар чанги зидди фашизм шахид шудаанд. Биринчи. 1946—49. Трептов-парки Берлин.

Мусики ва балет. Баъди аз ташкил шудани Республикаи  Демократии  Германия РДГ барои инкишофи санъати мусикии сотсиалисти шароити мусоид фарохам омад. Дар Берлин Операи давлатии немис, дар Лейпсиг, Веймар, Дрезден ва дигар шахрхо театрхои опера ба кор даромаданд. Оркестрхо, хорхо, дастахои операи нав ташкил шуданд, ки баъзеи онхо, масалан, театри «Комише опер»-и  шахри Берлин (1947) шухрати чахони пайдо кардаанд. Оммави бу- дани маданияти мусики, равияхои демократи ва реалисти дар асархои мусики, ки аз анъанахои пешкадами маданияти немис гизо мегирад, чихатхои ба худ хоси хаёти мусикии муосири Республикаи  Демократии  Германия РДГ мебошад. Санъаткорон X. Эйслер, П. Дессау, Л. Шпис, Э. Г. Майер ва дигар дар кори шаклгирии маданияти мусикии Республикаи  Демократии  Германия РДГ сахми калон гузоштаанд. Дар катори санъаткорони насли калонсол О. Геретер, М. Буттинг, В. Дрегер ва дигар бастакорон И. Чилензек, И. П. Тильман, Г. Кохан, А. Азриел  ва дигар, дирижёрон Г. Абендрот, Ф. Конвичный, скрипканавозон Э. Морбитсер, Г. Шмал, аргунуннавозон В. Шетелих, Г. Кестнер, сарояндагон И. Арнольд, М. Кронен, Э. Флайшер ва дигар, хозифон Т. Адам, Р. Асмус, П. Шрайер маданияти мусикиро баланд бардоштанд. Дар пешрафти санъати балет устодони балет Л. Грубер, Т. Шиллипг, Э. Кёлер-Рих тер, В. Мюллер, X. Хас, солистон Н. Манк ва К. Шулс макоми калон доранд. Дастахои муспкии 40 театри мамлакат санъати опера, оперетта ва балетро инкпшоф медиханд. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ 88 оркестри давлати, аз чумла 30 оркестри симфони мавчуд аст. Дар Берлин, Лейпсиг, Дрезден ва Венмар 44 мактаби мусики, 4 мактаби махсуси мусики, 3 мактаби балет ва 4 омузишгохи олии мусики амал мекунанд.

Театр. Хануз дар солхои аввали баъди торумор кардани фашизм (1945—49) барои пайдоиш ва инкишофи маданияти театрии Республикаи  Демократии  Германия РДГ шароит фарохам омада буд. Ба кор даромадани Театри немис (1945) ва дар сахнаи он ба сифати асоси принсипхои гуманизм ва реализм дар саиъати театри намоиш додани песаи Натани Окил»-и Г. Э. Лессинг плани пешаки буд. Баъд аз ташкилшавии Республикаи  Демократии  Германия РДГ дар назди санъати театри вазифа гузошта шуда буд, ки он тарбияи сиёси ва ахлокии одами бунёдкори сотсиализмро максади аввалини худ карор дихад. Хамаи театрхо давлати гардиданд. Бинои театрхои Берлин аз нав баркарор карда ва сохта шуданд, коллективхои нави театри ташкил ёфтанд. Эчодиёти драматург ва режиссёр Б. Брехт дар инкишофи санъати театрии Республикаи  Демократии  Германия РДГ мавкеи калон дорад. У соли 1949 бо Е. Вейгел театри «Берлинер ансамбл»-ро ташкил намуд. Кариб хамаи песахои Брехт («Модар Ку- раж ва фарзандони у», 1949, «Хаёти Галилей», 1957, «Шухрати Артуро Уи», 1959, «Рузхои Коммуна», 1962 ва гайра), инчунин асархои классикони адабиёти немис ва чахони дар ин театр ба сахна гузошта шуданд. Ф. Волф, Э. Энгел, Э. Гум, инчунин В. Лангхофф, Ф. Вистен ва И. Р. Бехер низ дар инкишофи санъати театрии мамлакат хисса гузоштаанд. Спектаклхои солхои 60—70: «Фарзандони у» (1963), «Ба химояи чуяндагон»-и (1966) Ф. Курднале, «Ба назди Ленин»-и X. Байерль (1970, аз руи новеллаи А. Курелла) бехтарин асархои сахнави буданд. Театрхо ба асархои классикии драматургияи чахон ва рус марок зохир намуданд. Асархои Максим Горкий дар хаёти театрии мамлакат мавкеи калон доштанд. Песахои адибони совети К. А. Тренёв, Вс. Иванов, А. И. Арбузов, Штейн ва дигар, ба сахна гузошта шуданд. Режиссёрон Г. Вангенхейм, Хайнц, К. Кайзер, М. Валлентин ва дигар, актёрон Э. Гешоннек, Э. Шалль, И. Келлер, Э. Эше дар инки- шофи санъати театри хиссаи арзанда доранд. Дар Республикаи  Демократии  Германия РДГ омузишгоххои давлатии драмаи Берлин ва Росток, театрхои таълимшо студиявии назди мактаби олии театри Лейпсиг ва назди Университети Берлин ба номи Гумболдт ва гайра амал мекунанд. Соли 1966 Иттифоки кормандони театрхои Республикаи  Демократии  Германия РДГ ташкил гардид.

Кино. Чинояткорихои империализм ва фашизми немис, рухияи никорталаби дар Германияи Гарби, анъанахои гуманисти ва револютсионии халки немис, дигаргунсозихои демократи дар мамлакат мавзуъхои асосии санъати кинои солхои 1950 ва 1960 буданд. Дар ин давра режиссёр К. Волф филмхои «Лисси» (1957), «Ситорахо (1959), «Профессор Мамлок» (1961), «Ман 19-сола будам» (1967)-ро офарид, «То рузхои вопасин фирефташудагон» (1957, режиссёр К. Юнг-Алсен), «Бесилох дар байни гургон» (1963, режиссёр Ф. Бейер), «Саргузаштхои ачоиби Вернер Хольт» (1965, режиссёр И. Кунерт), «Маслихати худохо* (1950,режиссёр К. Метсиг), «Маглубнаша- вандагон» (1953, режиссёр А. Пол) ва гайра бехтарин филмхои ин давра мебошанд. Аксари филмхои солхои 60—70 хаёти муосири халки немис, ташаккули чахонбинии сотсиалистии одамонро, инъикос мекунад. «Осмони дукафон» (1964, режиссёр К. Волф), «Айёми зиндаги» (1969, режиссёр X. Земан); филмхои муштарак бо дигар давлатхо, аз чумла бо Союз Советских Социалистических Республик СССР; «Одамон ва даррандагон» (1964, режиссёр С. А. Герасимов), «Ба назди Ленин» (1970, режиссёр Г. Райш) филмхои бехтарин дониста шуданд. Филмхои режиссёрон А. ва А. Торндайк дар байни филмхои хуччати мавкеи асоси доранд. Актёрони маъруфи кино: Э. Гешоннек, Г. Зимон, У. Тайн, В. Кох-Хоге, М. Круг, А. Домрёзе, А. Бюргер ва дигар Мактаби олии кино ва телевизиони Республикаи  Демократии  Германия РДГ (Потсдам-Бабелсберг) ходимони киноро тайёр мекунад. Хар сол 16—17 филми бадеи истехсол мешавад. Дар мамлакат кариб 860 кинотеатр кор мекунад (1971).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …