Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕПИН Иля Ефимович

РЕПИН Иля Ефимович

repin

РЕПИН  Иля Ефимович (5. 8. 1844, Чугуев, вилояти Харков — 20. 0. 1030, Куоккала, Финляндия, хозира Репино, вилояти Ленинград), рассом ва графики рус. Аз оилаи хизматчии харби. Дар Петербург, дар мактаби расмкашии Чамъияти ташвики рассомон, назди И. Н. Крамсков (охири соли 1863), Академияи Рассомии Петербург I (1864—71) тахсил намудааст. Яке аз иштирокчиёни выставкахои сайёри асархои санъати тасвири (аз соли 1878). Аъзои хакикии Академияи Рассомии Петербург (1803). Солхои 1860, асосан, дар мавзуъхои анъанавии санъати академии рассомии он замон ва портрету мусавварахо кувваозмои кардааст. Мушохидакори, махорат ва хиссиёти баланди Репин дар нахустин портретхои офаридааш ба назар мерасанд: портретхои В. Е. Репин (1867, Нигористони Третяков), Р. Д. Хлобощин (1868), В. А. Шевсова (1869— харду дар Музеи Рус); силсилаи портретхои «Бастакорони славян», (1871—72, Консерваторияи Москва). Солхои 70 Репин хамчун рассоми демократ принсипи халкияти эчодиёти бадеиро дастгири намуда, бар зидди санъати академии аз хаёт дур мебарояд. Баъди сафари Волга Репин мусаввараи мухташами «Бурлакхо дар Волга»-ро (1870—73, Музеи Рус) меофарад, ки дар он истисмори берахмонаи мардуми авом ва кувваи бузурги нихонии халкро ифода менамояд. Хангоми дар Италия ва Франсия буданаш «Кахвахонаи Париж» (1874—75, музеи шахсии Монсон, Стокголм), «Садко дар каламрави шохи бахр». (1876, Музеи Рус), «Рохи Монмартр дар Париж» (1876, Нигористони Третяков) барин асархоро эчод намуда, чихатхои гуногуни зиндагии парижихоро тасвир намудааст. Солхои 1870—80 давраи сер-махсултарини эчодиёти Репин ба шумор меравад. Вай бештар ба мавзуи дехконон руй меорад («Гуселкунии аскарбачахо» (1870, Музеи Рус; «Базми шабона» 1881, Нигористони Третяков). Ин асархо заминаи устуворо барои кушодани хаёти хамзамонони Репин гардид («Юриши ахли салиб дар губернияи Курск», 1880— 83). Ин асар ночизии сохти мавчуда ва рухбаландии стихиявии халки захматкашу фирофташуда, вале тавонову бузургро ифода менамояд. Репин солхои 80 дар мавзуи харакатхои револютсиони бисёр кор карда, эхтироми худро нисбат ба револютсионерон изхор кардааст. У дар симои онхо муборизони рохи хушбахтии халкро дида, чанбахои пуркуввату сусти харакатхои револютсиони-демократии разночинесхоро нишон додааст («Гарданкаши аз тавба», 1879 —85, «Хабси таргиботчи», 1880—92, «Нигарон набуданд», 1884—88 — хамааш дар Нигористони Третяков). Солхои 70—80 Репин портретхои бисёр хубе офаридааст, ки дар онхо психологизми чукур, мухаббат нисбат ба инсон ва чихатхои демократии санъати ин рассоми бузург зохир шудааст (портретхои В. В. Стасов, 1873, А. Ф. Писемский, 1880, М. П. Мусоргский, 1881, Н. И. Пирогов, 1881, А. И. Дельвиг, 1882, Л. Н. Толстой, 1887— хамааш дар Нигористони Третяков). Репин инчунин дар офаридани му-савварахои таърихи истеъдоди бехамто дошт. Таваччухи у ба гузашта тавассути масъалахои пешгузоштаи замон чараён мегирифт. Диккати Репинро шахсиятхои маъруф, ки кисмати онхо ба вокеахои бузурги таърихи алокаманданд, ба худ мекашид («Шохдухтар Софя», 1870, «Иван Грозний ва писари у Иван», 1885— хар ду дар Нигористони Третяков). «Запорожихо ба султони турк нома менависанд» (1878—91, Музеи Рус) охирин асари таърихии Репин буд, ки кахрамони марказии он — халки озодихох барои бехбудии худ мардонавор истодагари мекунад. Бехтарин асархои солхои 1800—1900-уми Репин портретхои графики (портрети Э. Дузе, 1801, Нигористони Третяков) ва портрет-этюдхо ба асари бузургхачми портретии «Мачлиси ботантанаи Совети давлати» (бо хамкории Б. М. Кустодиев вя И. С- Куликов. 1901-, Музеи Рус) мебошанд. Эчодиёти Репин яке аз куллахои баланди санъати демократии рус буда, бо халкияти амик ва алокаи мустахкамаш бо гояхои пешкадами замон фарк мекунад. Репин солхои 1894— 1907 дар Академияи Рассоми дарс дода (1898—09 ректор), як катор рассомони намоён: И. И. Бродский, И. Э. Грабарь, Д. Н Кардовский, Б. М. Кустодиев ва бисёр дигар каламкашонро тарбия намудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.