Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕГЕНЕРАСИЯ

РЕГЕНЕРАСИЯ

РЕГЕНЕРАСИЯ, дар забоншиноси, бо таъсири омилхои ичтимои эхё гардидани архаизмзро, мазмунан нав шудани калимаву истилохи шаклан кухна. Регенерасия як воситаи такомули лексика мебошад. Ин ходиса пайваста ба зарурати номгузории падидахои нави илми, техники, саноати ва мадани пайдо шудааст. Сабабхои дигари Регенерасия тамоюли мучазбаёни, инчунин ривочи таъсири забони руси ва гайра мебошад. Истеъмоли калимоти басит ва пурмазмуну тобишноки архаисти барои ифодаи мафхумхои нав таркиби лугавии забонро мазмунаи гани мегардонад. Регенерасияи архаизмхоро адибону олимон бо мулохизахои услуби низ ба кор мебаранд. Хангоми Регенерасия  баъзе архаизмхо мазмуни нави истилохи пайдо карда, тобишхои маъноии собикашонро гум меку-нанд. Дар ин маврид калимаи эхёгардида доираи истеъмолашро васеъ менамояд. Масалан, калимаи «чамоа»; ки худ иктибоси араби буда, аслан ташкилоти динии мусулмонист, дар давраи совети маънои нави истилохи пайдо кард (совети чамоа, раиси чамоа, идораи чамоа ва гайра); калимаи котиб» ба маънохои кухнашудан он «мирзо», «мунши» холо истеъмол намешавад. Аз солхои 20 ба ин тараф калимаи мазкур ахамияти ичтимои пайдо кард ва ба фонди истило-хоти ичтимоию сиёси ва илмию техники дохил гардида, дар шаклхои котиби масъул, котиби генерали, котиби райком, котиби чамоа, котиби дуюм, котиби илми, котиб-машинистка ва гайра истеъмол мешавад. Регенерасия  сабаби комилан фаромуш шудани маънои собики архаисти низ мегардад. Масалан, калимаи раис, ки иктибоси арабист, ба маънои кухнааш мансаби диниро ифода мекард. Холо чун вохиди архаистии эхёшуда серистеъмол аст. Гарчанде истифодаи бо-мавриди Регенерасияи архаизмхо забонро пуробуранг менамояд, вале суиистеъмоли он ба просесси инкишофи микдорию сифатии лексикаи забон халал мерасонад.

Адабиёт: Бердыевв Т., Тенденции развития лексики таджикского языка советского периода, Душанбе, 1982.

Т. Бердиева.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …