Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович (29. 10. 1900, Москва —3. 5. 1978, хамон чо), забоншиноси совети, доктори илмхои филология, профессор (1962), яке аз бунёдгузороии мактаби фонологии Москва. Университети давлатии Москваро тамом кардааст (1923). Муддате мухаррири нашриётхои Москва ва муаллими Университети давлатии Москва (1921—54), Институти адабиёти ба номи Максим Горкий ва Институти педагогии Москва буд. Солхои 1958—70 —- мудири сектори забоншиносии структурави ва тачриба- вии Институти заооншиносии Академияи Фанхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти . Реформатский ба тадкики масъалахои орфография ва орфоэпия, лугат, калимасози, назарияи тарчума ва забоншиносии умуми машгул буд. Тадкикоти у оид ба назарияи фонетика ва фонология, махсусан, мухим буда, аз бисёр чихатхо инкишофи минбаъдаи забоншиносии советиро муайян кардаанд. Реформатский муаллифи китоби Дарсии «Мукаддимаи забоншиноси» («Введение в языковедеиие», нашри 4, 1967, барои мактабхои оли) мебошад, ки дар донишкадахои Точикистон низ омухта мешавад.
Основание.: Фонологические этюды, Москва„ 1975; Очерки по фонология, морфонологии и морфологии, Москва„ 1979.
Адабиёт: Аванесов Р. И„ Панов М. В„ Александр Аленсандрович Реформатский, дар китоби; Фонетика. Фонология. Грамматика, Москва„ 1971.
А. Горбачевский.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.