РАСМИИ ЯЗДИ Мир Абдурраззок (соли таваллудаш номаълум, Язд —вафоташ 1615), шоири форс-точик. Дар зодгохаш тахсил намуда, ба камол расидааст. Дар миёнахои умр ба Хиндустон сафар намуда, ба хидмати дарбор дохил шуд. Касида, газал ва дигар навъхои шеъри эчод кардааст, вале то замони мо аз эчодиёташ намунахои кам боки мондаанд. Ин байтхо аз уст:
3-он руз, ки гаштем ба доми ту гирифтор,
Шуд Каъбаи мургони бихишти кафаси мо.
* * *
Ба тархи Бесутун он тездасти чехрапардозам,
Ки накши тешаам доги дили Фарход мегардад.