РАСИН (Racine) Жан (21. 12. 1639, Ферте-Милон—21. 4. 1699, Париж), драматурги франсави, аъзои академики Франсия (1673). Аз оилаи амалдор. Фочиаи «Андромаха» (1667), ки нахустин асари мухими у буда, масъалахои ахлокро ба миён мегузорад, дар таърихи драматургияи франсави сахифаи нав кушод. Мавзуи асосии песахои Расин хаёти маишиву оилави буда, ба онхо психологизми нозук хос аст. Расин чахони ботинии занонро, ки кахрамони асосии песахои ваянд, бо махорати баланд тасвир кардааст. Дар фочиаи тезу тунди сиёсии «Британния» (1669) чоплусихоеро, ки манзараи дарбори Людовики XlV-po ба хотир меоранд, мазаммат намудааст. Фочиахои у «Бериника» (1670), «Боязид» (1672) ва алалхусус «Федра» (1677) дар таърихи адабиёт ва театри франсави макоми баланд доранд. Дар «Федра», ки асосаш материали атикист, симои зани поктинате офарида шудааст, ки бар зидди хиссиёти пурзури ботинии худ кахрамонона мубориза мебарад. Расин хамчун драматург ва намояндаи класситсизм ба инкишофи театр ва драматургияи чахон таъсир расондааст. Чанде аз фочиахои Расин ба забони руси тарчума гардида, дар театрхо намоиш дода мешаванд.
Ад.: Шафаренко И., Ж. Расин дар кит.: Писатели Франции, М., 1964.