Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМИ

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМИ

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМИ, муассисаи илмиест, ки афканишоти электромагнитии объектхои кайхониро дар диапазони радиомавчхо (такрибан аз 1 мм то 1 км) мушохида ва тадкик мекунад. Аввалин Расадхонаи радиоастрономи дар охири солхои 50 асри 20 дар Британияи Кабир (Чодрелл- Бэнк, дар назди Манчестер) сохта шудааст. Кашфи манбаъхои осмонии радиоафканишот (ниг. Радиоа­строномия) боиси дар охири солхои 40 ва аввали солхои 50 дар университету муассисахои илми, университетхои Кембрич ва Манчестер дар Англия, Лабораторияи тадкикотии харби-бахри дар ИМА, Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АФ СССР ва Университети Гор­кий дар СССР, Университети Сидней дар Австралия ташкил ёфтани гуруххои радиоастрономи гардид. Дар як катор расадхонахои астрономи, аз чумла дар СССР —дар Расадхонаи астрофизикии Бюракани АФ РСС Арманистон, Саррасадхонаи астрономии Пулковои АФ СССР, Расадхонаи астрофизикии Крими АФ СССР, шуъбахои радиоастрономи ташкил шуданд. Минбаъд расадхонахои махсуси радиоастрономи таъсис ёфтанд, ки мавзуи тадкикоташон ба имконияти радиотелескопхои онхо вобаста буд. Дертар зимни инкишофи умумии илм расадхонахои миллии радиоастрономи ба вучуд омаданд; ин просесс пеш аз хама дар мамлакатхое огоз ёфт, ки дорои расадхонахои радиоастрономии камиктидори сершумор буданд.

radioastronomiya

Дар СССР расадхонахои асосии радиоастрономи инхоанд: Расадхонаи радиоастрономии Серпухови Иниверситети физикаи АФ СССР, ки хамаи объектхои осмониро аз Офтоб cap карда то манбаъхои гайригалактикии радиоафканишот тадкик мекунад; Расадхонаи радиоастрономии Симеизи Ра­садхонаи астрофизикии АФ СССР дар Крим, ки асосан ба тадкики Офтоб машгул аст; Расадхонаи радиоастрономии Институти радиофизика ва электроникаи АФ РССУ, ки асосан радиоманбаъхои дискретии пайдоишашон гайригалактики ва баъзе объектхои Галак­тикаи мо (ситорахои навтарин, пулсархо)-ро тадкик мекунад; Расадхонаи радиоастрономии Расадхонаи Пулково, ки радиоастрономияи офтоби ва галактики хадафи асосии тадкикоти уст, Расадхонаи радиоастрономии Институти радиофизикии Горкий, ки асосан бо радиоастрономияи сайёрави машгул аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.