Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ КАЙХОНИ

РАСАДХОНАИ КАЙХОНИ

ra-kayhoni

РАСАДХОНАИ КАЙХОНИ, радифи маснуъ ё стансияи кайхониеро гуянд, ки бо афзору асбоби астрономи чихозонида шуда, барои тадкики чирмхои осмони ва фазои Ко­инот таъин гардидааст. Мурод аз Расадхонаи кайхони омухтани,манбаъхои сусти афканишот (аз кабили галактикахои дур) ва мушохида кардани чирмхои осмони дар диапазони аз замин дастнораси спектри мавчхои электромагнити (ултрабунафш, рентгени ва гайра) мебошад. Аввалин Расадхонаи кайхони радифи маснуи америкои ОАО (ихтисоран номи англисиаш, ки ба точики «расадхонаи астрономии мадори» тарчума мешавад) буд, ки телескопи диаметраш 92 см (дар ОАВ-В), спектрометри ултрабулафши диамметри оинааш 80 см (дар ОАО-С) ва дигар асбобу афзори астрофизики дошт (аз соли 1970 cap карда навъхои гуногуни ОАО ба мадори геосентри бароварда шуданд). Соли 1978 истифодаи радифхои масну аз силсилаи НEAO ва 1UE (ихтисораи номи англисиаш, тарчумааш; «мухаккики байналхалки дар диапазони ултрабунафш») огоз гардид, ки барои тадкики сайёрахо, квазархо, пулсархо ва сидхчокхо дар диапазони мавчхои ултрабунафш (УБ) таъин шудаанд. НЕАО-2 (мавсум ба Эйнштейн) телескопи рентгение дошт, ки аз чихати иктидор ба телескопи 5-метраи оптики баробар аст. IUE-1 УБ-телескопс дошт, ки бо 2 спектрограф (диапазони кораш 1150—3200 А°) чихозонида шудааст. Дар татбики амалии барномаи илмии Расадхонаи кайхони IUE 200 нафар астрономхо аз 17 мамлакат ширкат меварзанд.

Бо ёрии асбобу афзорхои НЕАО кариб 1000 манбаи нави афканишоти канхони ошкор гардид (баъзеи онхо аз манбаъхои то кунун кашфшуда андаряк хазор маротиба хиратаранд); мавкеи фазоии манбаъхое муайян карда шуд (аникияти ин амал хамаги якчанд сонияи кунчиро ташкил дод), ки дар масофахои 5—7 млрд соли нур чойгиранд.

Мушохида ва тадкики астрофизи­ки дар радифхо ва стансияхое низ ба амал бароварда мешаванд, ки барои ичрои вазифахои мухталифи илми таъин шудаанд. Масалан, солхои 1978—1979 аз тарафи мутахассисони советию франсави эксперименти комплексие ба амал бароварда шуд, ки максадаш аз омухтани як ходисаи нодири астрофизики — ба истилох гамм а -ш а л п о с иборат буд. Барои ичрои ин барномаи илми стансияи байнисайёравии автома­тик «Венера—11 ва 12» ва стансияи мадории автоматии «Прогноз —7» истифода бурда шуд, ки бо асбобхои тадкикотии совети «Конус» ва «Снег  2МЗ» чихозонида буданд. Тавассути онхо афканишоти рентгени ва гамма-афканиши кайхони ба кайд гирифта шуданд. (Масалан, ба воситаи афзори «Конус» гамма-афканишоти пулсархои рентгение, бакайд ги­рифта шуд, ки ситорахои нейтрони дониста мешаваид.)

Соли 1983 хамкории мутахиссисони советию франсави дар тадкики УБ- спектрхои манбаъхои шуоъафкани Галактика ва берун аз он идома ёфт. Ин дафъа онхо тавассути телескоп-спектрометри радифи советии Астроп-1 дар диапазони 1150—3500 А омухта шуданд. Астрон-1 як навъ Расадхонаи кайхони буда (вай 23 марти соли 1983 ба мадори геосентрие баровар­да шуд, ки параметрхои аввалааш чунинанд: перигей — 2000 км, апо­гей—200 хазор км, даври гардиш 98 соат, кунчи моили ба экватор 51,5е) барои ичрои барномаи васеи мушохидахои астрофизики (гайр аз омузиши табиати физики» УБ-афканишоти галактикахо чустучуи элементхои кутохумр ва элементхои мураккаби химияви дар таркиби ситорахои тафсон, тадкики хромо­сфера ва точхои ситорахо вa х.) им­кон дод. Аз чумла бо ёрии афзорхои Астрон-1 афканишоти кариб 50 ситора ва 15 галактика ба кайд гирифта шуд; манбаъхои афрузанда (системахои ситорагии дугонае, ки аз ситораи мукаррари ва ситораи нейтрони иборатанд) тадкик шуданд.

Афзору асбобхои астрономиро дар стаисияхои илмию тадкикотии «Са­лют-6» ва «Салют-7» низ гузошта буданд.

Ад.: Современные достижения кос­монавтики. Сб., М., 1:980-85; Освоение кос­мического пространства в СССР, 1981, М., 1983.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.