РАМЗ (араби – сухани пушидамаъно, имо, ишорат), дар адабиёт тасвири бадеии ходиса ё хислатхои инсон ба воситаи образ ва чизхои вокеии дигар. Масалан, шер — рамзи мардию далери, рубод — маккори, гург — харисию гуруспачашми ва гайра. Чунин Рамзхо дар масал, тамсил ва афсонахои халки бисёр дучор меоянд. Дар таърихи адабиёти халкхои гуногун ва адабиёти форс-точик системаи образхои рамзи шакл гирифта, аз аср ба аср гузаштааст: гул — зебои, маъшука; булбул — оштки вафодор; ранги зард— махзуни; Хотам — саховат ва гайра. Рамз дар адабиёти дахонакии халк низ мавкеи намоёи дошта, мазмунхои гуногунро ифода менамояд. Рамз дар адабиёти имруза хам бомуваффакият истифода мешавад. Масалан, дар «Таронаи Мурги туфон»-и М. Горкий мург паррандаи пурзуру тавоно Pамзи мардонаги, часорат ва озодидустист. Достони «Парии бахт»-и Лохути низ асосан ба тарзи Рамз навишиа шудааст. Рамз дар хаёта ичтимои хам мавкеъ дорад. Масалан, досу болга — Pамзи иттифоки коргару дехкон, кабутар — Pамзи сулху осудаги ва гайра.
Ш. Рахмонов.