РАМУЗИ Мирашрафи Самарканди (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1599), шоири точик. Дар ашъораш «Рамузи», «Мирра музи» ва «Ашрафи» тахаллус кардааст. Ба кавли тазкиранависон (Мутриби) Рамузи дар шеър хушсаликаю рамузфахм, табъаш багоят дакик ва суханаш санчида будааст. Ба шахру кишвархои Осиёи Миёна сафархо карда, бо аксари шоирони замонаш робитаи эчоди доштааст. Аз Рамузи якчанд газалу абёти пароканда то замони мо расидааст. Рамузи донандаи аруз буда, китъахои таърих, муаммохо месурудааст. Оид ба муаммо якчанд рисолахо доштааст.
Ад.: Суханварони Сайкали руи замин, Д,, 1979.
Г. Шахобов.