Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАММОЛИ

РАММОЛИ

rammoli

 РАММОЛИ (араби аз Joper), навъе аз фол: ба руи peг ё хок нуктахо монда, онхоро бо хатхо ба хам мепайвастанд ва пас таркиби ии хатхоро маънидод мекарданд. Раммоли бештар дар Осиёи Миёна, Казокистон, Афгонистон, Эрон расм шуда, шахси ба Раммоли машгулбударо раммол меномиданд. Тарзхои гуногуни Раммоли вучуд доштанд: 1) раммолон ба руи peг, хок накшу даврахои гуногун мекашиданд ва аз руи таркиби онхо фол медиданд. 2) Раммоли ба василаи мухраи нард. Раммол каъбчаро ба чои муайян (ба руи латтапора ва ё замини хаткашидашуда) мепартофт ва аз руи холхои он фол медид. 3) Раммоли бо ёрии сангча, донаи нахуд ва ё чуворимакка. Раммоли дар Замонхои кадим ба вучуд омада, як навъ василаи авомфиреби во сарватгундори буд. Раммоли мероси буда, аз авлод ба авлод мегузашт ва ба ин кор марду зан машгул шуда метавонистанд. Ба раммолон шахсони бахтчу, фарзандхох, давлатталаб, дардманд ва чизу молгумкарда мурочиат мекарданд. Раммоли Дар мамлакати мо бархам хурдааст.

О. Муродов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.