Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАХМАТУЛЛОЕВ Исматулло Рахматуллозода

РАХМАТУЛЛОЕВ Исматулло Рахматуллозода

РАХМАТУЛЛОЕВ Исматулло Рахматуллозода (таввллуд 1883, Самарканд—1962), маорифпарвар, яке аз ташкилотчиёни мактаби усули нави точики дар шахри Самарканд, омузгори мактаби А. Шакури. Аз оилаи дехкон. Дар мактаб ва мадрасахои шахри Самарканд тахсил карда буд. Барои мактаби усули нав китоби хониш, алифбо тахия ва чоп кардааст. Рахматуллоев  баъди Револютсияи Октябр ба шуъбаи маорифи халки вилояти Самарканд ба кор омад, сонитар курсхои такмили ихтисоси муаллимонро ташкил намуд. Солхои 1922— 26 директор ва омузгори Омузишгохи педагоги (инпрос)-и шахри Самарканд, солхои 1926—33 директори Палатаи китобхои Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон буд. Аз соли 1935 нафакахур буд. Комитети Ичроияи Марказии Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон  ба Рахматуллоев  унвони «Кахрамони мехнат» додааст (1935).

Адабиёт: Фаттаев М., Видные педагоги Самарканда, Самарканд, ; х а м о н муаллиф, Атокли педагогларимиз, Тошкент, 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.