Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОЛОГИЯ

РАДИОЛОГИЯ

radiologiya

РАДИОЛОГИЯ (аз радио… ва логия), илмест дар бораи истифодаи шуоъафкании ионизатсиякунанда дар тиб ва хочагии халк. Радиология чун илми мустакил баробари кашфи шуоъхои рентгени (1895) ва ходисаи радиоактиви (1896) ба вучуд омад. Баробари кашфи радиоактивияти сунъи ва хосил карда шудани аввалин элементхои радиоактивии сунъи доираи кори Радиология боз хам васеътар гардид. Дар амалияи тиб фосфор (32Р) кобалт (“Со), натрий (24Na), йод (1311), стронций (89Sr, 90Sr), иттрий (90Y), тилло (198Аu) ва дигар алементхои радиоактивиро васеъ ба кор мебурдаги шуданд. Усулхои нави кюритерапия, ташхиси радиоизотопи ва гайра ба вучуд омаданд. Радиологияи хозира аз усулхои радиотерапияи дистансиони бо ёрии гамма — чихоахои муктадир, бетатроих, усулхои муолича бо протон, нейт­рон, мезон ва гайра истифода мебарад. Тараккиёти Радиология ба комёбихои физи­ка, химия, техника ва биология во­баста аст. Pадиологияи хозира ба фаслхои зерин чудо мешавад: муолича бо шуоъ; ташхис ба воситаи шуоъ (ташхиси рентгени ва радиоизотопи); гигиенаи радиатсиони (таъси­ри шуоъафкании ионизатсиякунанда ба одам, тадбирхои аз моддахои ра­диоактив мухофизат кардани мухити беруна); радиобиология (омухтани таъсири шуоъхои ионизатсиякунанда ба чонварони зинда, ба чамоат ва мухити зиндагонии онхо); дозиметрия ва радиотехника.

Дар ривочу равнаки Радиология хизмати олимони совети Д. Ф. Решетило, Д. Т. Будилов, С. Р. Френкел, Б. А. Архангелский, А. Е. Прозоров ва дигар хеле калон аст. Оид ба муассисахои асоси ва нашрияхои даврии  Радиология. ниг. Рентгенология.

Дар Точикистон шуоъхои ионизатсиякунанда (рентгени)-ро аввалин маротиба соли 1929 дар беморхонаи клиникии республикави (хозира касалхонаи шахрии № 1, шахри Душанбе) ба кор бурдаанд. Аз соли 1935 рентгенотерапияи баъзе беморихои пусти cap огоз ёфт. Аз соли 1963 Диспапсери онкологии республикави маркази истифодаи шуоъхои ионизатсиякунанда дар Точикистон ба шумор меравад. Радиология дар халли проблемахои физиология ва патологияи одам, инчунин нигахдории тандурусти роли мухим бозид.

Ад,: Переслегнн II. А., Сар­кисян Ю. X., Клиническая радиология, М., 1973; М у х и т дм н о в Б. Н, Ра­диоизотопная диагностика заболеваний предстательной железы и прямой киш­ки, Д., 1975. Б. Н. Мухиддинов

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …