РАЧАЗ (араби — изтироб, суръат), номи бахрест аз 19 бахри аруз. Рукни аслии он мустафъилун (— V—) буда, маъмултарин зохофхои он 8-то мебошанд (махбун — мафоилун, матви — муфтаилун, мактуъ — мафъулун, музол — мустафъилон, матвии музол — муфтаилон, махбуни музол — мафоилон, мураффал — мус- тафъилотун, муттавал — мустафъилотон). Шеърхои ба вазни бахри Рачаз навишташударо арабхо дар маъракахо ва чангхо ба васфи мардонаги ва шучоати кабилахои худ мехонданд. Дар адабиёти классикии форс-точик ва адабиёти советии точик мазмуну мундаричаи шеърхои ба вазии бахри Рачаз офаридашуда дигар ва доираи истифодаи он васеътар гардидааст. Мисолхо оид ба бахри Рачаз :
- Рачази мусаммани солим
( У-А V-/ У—/ V-)
Эй чехраи зебои ту, рашки бутони озари,
Харчанд васфат мекунам, дар хусн аз он болотарй.
(Хусрави Дехлавй).
- Рачази мусаммани матвии махбун
(—УУ—/V—V—/—УУ—/V—V—)
Мутриби хушнаво, бигу тоза ба тоза, нав ба нав.
Бодаи дилкушо бичу тоза ба тоза, нав ба нав. (Хофиз).
- Рачази мусаддаси махбун
( V—V—/V—V—/V—V—)
Зи калби поку рухи пурчилои мо
Дуруди мо ба хизби рахнамои мо.
(Лохути).
- Рачази мусаммани матви
(—УУ—(—уу—!—уу—I—уу—)
Мешукуфад гул ба чаманхои насими сахари.
Вах, чи шавад гар нафасе пахлуи мо бода хурй. (Сайфи).
Адабиёт: С и р у с Б., Арузи точики, Душанбе, 1963; Зехни Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979.
С. Имронов,