РАЧАБОВ Нусрат Рачабович (таваллдуд 25. 9. 1938, дехаи Сурхакчашмаи райони Хисор), математики советии точик, доктори илмхои физика ва математика (1974), профессор (1979). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1961. Соли 1960 факултети физика ва математикаи Университети Давлатии Точикистонро хатм кард. Солхои 1962—65 дар аспирантураи Институти математикаи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон тахсил намудааст. Аз соли 1973 дар факултети механика ва математикаи Университети Давлатии Точикистон ба номи Владимир Илич Ленин дарс мегуяд. Аз соли 1977 мудири кафедраи назарияи функсияхо ва тахлили математика. Соли 1982—85 декани факултети механика ва математикаи хамон университет.
Рачабов асосан муодилахои дифференсиалии хосилахояшон хусусиро тадкик мекунад. Дар холати бисёрчена масъалахои канории навъи Дирихле ва Нейманро барои муодилахои сингуляри тадкик карда сохтани потенсиалхоро нишон додааст. Ба намуди интеграли тасвир намудани халли як синфи муодилахои дифференциали бо гиперхамворихоп сингуляриро муоина намуда, халли соддаи онхоро дарёфтааст ва гайра. Дар нашрияхои математикии Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хорича зиёда аз 85 маколаи илмии Рачабов нашр шудааст.