Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЧАББЕКОВ Мастибек

РАЧАББЕКОВ Мастибек

РАЧАББЕКОВ Мастибек (таваллуд 1907, дехаи Сардеми хозира райони Шугнони Вилояти Автономии Бадахшони Кухи), ходими давлати, иштирокчии фаъоли мустахкам намудани Хомияти Совети ва сохтмани сотсиализм дар Точикистон, ветерани органхои адлия ва нахустин дорандаи унвони «Юристи Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон». Аз оилаи дехкони камбагал. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1939. Тахсили ибтидоиро дар мактаби кухнаи дехааш гирифта, баъди ташкил ёфтани Вилояти Автономии Бадахшони Кухи дар мактаби нави совети хондааст. Фаъолияти мехнатин Рачаббеков аз соли 1926 чун котиби комичроияи Совети депутатхои мехнаткашони волости Шугнон огоз ёфтааст. Соли 1927 ихтиёран ба сафи аскарони сурх дохил шуд. Соли 1930 мактаби партиявию советии шахри Са- маркандро хатм кард. Солхои 1930—31 вакили Совети Комиссарони Халк дар райони Янгибозор (Орчоникидзеободи хозира), баъдтар котиби масъули Комитети ичроияи Совети депутатхои мехнаткашо-ни Вилояти Автономии Бадахшони Кухи , 1931—33 донишчуи Институти  миллатхои майдаи Шарки Совети (Ленинград),     1933—37 донишчуи Институти  юридикии шахри Москва, 1937— 39 аъзои Суди Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, 1939—41 раиси суди вилояти Сталинобод, 1941—51 комиссар — вазири адлияи республика, 1951—57 чун намояндаи Точикистон аъзои Суди Олии Союз Советских Социалистических Республик СССР, 1957—72 мудири шуъбаи юридикии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон буд. Аз соли 1972 дар нафака. Муаллифи китоби «Органхои махаллии хокимият ва идоракунии давлати» (1982). Дар матбуоти даври зиёда аз 70 маколаи у доир ба хукук чоп шудааст. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  (даъватхои 2—3), бо се ордени Байраки Сурхи Мехнат, ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.