Маълумоти охирин

Перро Шарл

Перро (Реrrault) Шарл (12. 1. 1628, Париж—16. 5. 1703, хамон чо), шоир ва мунаккиди франсави. Аъ­зои академияи Франсия (аз соли 1671). Аз оилаи амалдор. Аввалхо хукукшинос буд. Аввалин асари Перро досто­ни «Деворхои Троя ё Паидоиши бур­леск» (1653) аст. Достонхои рамзи, касидаю номахояш дар сабки назми пурдабдабаи дарбор таълиф шуда­анд. Перро иштирокчии мубохисаи адабии «кадиму чадид» буда, бар адибони кадим бартари доштани нависандагони муосирро таъкид мекард, ба истетикаи классики зид мебаромад (достони «Асри Лудовики Кабир», 1687; муколимаи «Мукоисаи акидахои кадимихою чадидхо дар масъалаи илм ва санъат», ч-хои 1—% 1688—97), бо Н. Буало мунозира дошт.

У бо «Афсонахои модари мак ё худ Киссаву афсонахои айёми гузашта ва хикмати онхо» (1697) шухрат ёфт. Перро афсонаи халкиро ба анъанахои атика мукобил гузошта («Токичасурх» ва гайра), онро ба доираи жанрхои адаби дохил намуд. «Афсонахо»-и Перро ба демократонии адабиёт сабаб шуда, ба инкишофи анъанаи чахонии афсонагуи таъсир расонданд (бародарон В. ва Я. Гримм, Л. Тик, Х. К. Андерсен). Аф­сонахои Перро ба забони точики низ тарчума шудаанд [«Токичасурх», 1939 (соли 1953 бо номи «Телпаксурхак» нашр шуда аст), «Гурбаи музапуш», 1957]. Аз руи афсонахои у як катор операю балетхо офарида шудаанд.

Ос.: Сказки, М.— Л,, 1936.

Ад.: История французской литерату­ры. т. I. М.—Л.. 1946.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …