Перлюрачиги, харакати миллатчигии буржуази дар Украина дар давраи Чанги гражданй (1918— 1920); аз номи яке аз саркардагони он С. В. Петлюра гирифта шудааст. Асоси ичтимоии Перлюрачигиро кулакхои украин, буржуазияи махалли ва зиёиёни буржуазии дорои рухияи миллатчиги ташкил мекарданд. Илхомбахш ва такягохи сиёсии Петлюрачиги партияхои буржуази ва майдабуржуазии миллатчигии Украина—Партияи сотсиал-демократии коргарии Украина, Партияи сотсиал-револютсионерони Украина ва гайра буданд. Тартиботи сиёсии Радаи маркази ва Директорияи Украина тачассуми Петлюрачиши гардид. Баъди парокандашавии Редаи маркази петлюрачиён хам бо истилогарони Австрияю Германия ва хам бо П. П.. Скоропадский хамкориро давом доданд.
Ноябри 1918, вакте ки истилогарон шикаст хурданд, саркардагони Петлюрачиги бар зидди гетман Скоропадский баромаданд ва 13 ноябри 1918 Директорияи Украинаро ташкил карданд. Бахори 1919 петлюрачиён ба хучум гузашта, Киевро ишгол намуданд. Октябри 1919 Армияи Сурх петлюрачиёиро торумор кард ва бокимондаи петлюрачиён ба Полша гурехтанд. 21 апрели 1920 Петлюра бо Полша шартнома баст, ки мувофики он Полша ба ивази гирифтани Галиияи Шарки, Волини Гарби ва як чисми Полесия «истиклоли» Украинаро эътироф намуд. Тобистони 1920 Армияи Сурх аз Украина кушунхои Полшаи буржуазию помешики ва петлюрачиёнро зада пеш кард (баъзе дастахои онхо дар губернияи Подолск боки монда буданд). Петлюра кушиш кард, ки бо Врангел созиш кунад, вале ин хам натича надод; баъди бархам задани врангелчиён ноябри 1920 Армияи Сурх петлюрачиёнро хам торумор кард. Солхои 1921—1922 дар Украина дастахои петлюрачиён хануз амал мекарданд, аммо охири соли 1922 онхо хам несту нобуд карда шуданд.