Партияи Коммунистии Точикистон, яке аз отрядхои чанговари Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, ки рохи пуршарафи мубориза ва галабаро тай кардааст.
Аввалин гуруххои сотсиал-демократ дар районхои Точикистони Шимоли дар давраи Револютсияи якуми буржуази-демократии рус (1905—07) ташкил ёфта буданд. Ташкилотхои болшевики дар охири 1917 ва ибтидои 1918 ба вучуд омаданд. Дар ташаккули гоявию ташкилии онхо болшевиков Б. А. Иваниский, Д. Т. Деканов, Ч- Зокиров, X,. Усмонов, Р. Эгамдбердиев ва дигар фаъолона иштирок карданд. Бахори 1918 дар Точикистони Шимоли 7 ташкилоти болшевики амал мекарданд, ки онхо бештар аз 170 коммунист ва 30 хайрхохро дарбар меги-рифтанд. 17 июни 1918 дар Съезди 1-ум Партияи Коммунистии Туркистон (Тошкент) ташкил ёфт ва ташкилотхои болшевикии районхои Точикистони Шимоли ба хайати он .дохил шуданд. Декабри 1918 дар Хучанд Съезди 1-уми уездии партия (мувофики Устави партия Конференсия) барпо гардид.
Съезд зери шиори мустахкам намудани Советхо аз унсурони контрреволютсиони тоза кардани онхо гузашт. Дар кори барпо ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Помир Комиссияи харбию сиёси, ки КИМ Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон соли 1921 бо рохбарии Т. М. Дяков, Ш. Шохтемур ба Помир фиристода буд ва инчунин ташкилоти партиявии отряди сархади роли калон бозиданд. То соли 1924 дар ин чо зиёда аз 20 нафар намояндагони мехнаткашони миллатхои махалли ба партия кабул карда шуданд. Бюрои партиявии Помир 28 октябри 4924 карор дод аз чумлаи коммунистони махалли ячейкахои алохидаи номзади ташкил намояд. Ячейкахои номзади ба хайата Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон дохил мешуданд. Ташкилотхои болшевикии мухочирони Когон, Чорнуй, Карки, Тирмиз, ки охири 1917 аввали 1918 ташкил ёфта буданд, дар байни ахолии махалли кори сиёси мебурданд.
Ноябри 1918 гурухи коммунистон ва чавонбухороиёни револютсионер, ки аз Бухоро ба Тошкент мухочират карда буданд, бо рохбарии Г. Полтораский ва Н. Хусейнов Съезди 1-уми партияро даъват намуд, ки он ташкил ёфтани Партияи Коммунистии Бухороро аз чихати ташкили ба расмият даровард. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бухоро, ки августи 1920 дар Чорчуй барпо гардид (Съезди 2-юм — июни 1919 ва 3-юм—декабри 1919), аз зулму истибдоди аморат норози будани оммаи мехнаткашро ба назар гирифта, карор намуд, ки дар Бухоро шуриши мусаллахона сар карда шавад, 2 сентябри 1920 оммаи мехнаткаши Бухоро бо рохбарии’ Партияи Коммунистии Бухоро ва дастгирии пролетариати Россия аморати Бухороро сарнагун карда, Республикаи Халкии Советии Бухоро (РХСБ)-ро ташкил намуд. Феврал— апрели 1921 дар Бухорои Шарки (холо Точикистони Маркази ва чануби) Хокимияти Совети барпо шуд. Дар баробари ташкил ёфтани органхои махаллии Хокимияти Совети дар Бухорои Шарки ташкилотхои партияви низ таъсис ёфтанд.
Барои рохбари ба фаъолияти онхо марти 1921 Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро Бюрои марказии ташкили (БМТ) таъсис дод, ки он ба ташкил кардани органхои партияви дар махалхо ва рохбари ба фаъолияти органхои партиявию совети ваколатдор буд. 18 июни 1923 Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро дар хусуси таъсис додани Бюрои ташкилии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарки карор кабул кард, ки он то ташкил ёфтани Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон ва ташкилоти партиявии республика амал мекард.
Бюрои Сиёсии Комитети Марказии РКП (б) ба муносибати таксимоти худуди милли дар Осиёи Миёна 12 июни 1924 карор кард, ки партияхои коммунистии Туркистон ва Бухоро мувофики аломатхои таксимоти милли тагйир дода шаванд. Дар натича Партияи Коммунистии Узбекистон, Партияи Коммунистии Туркменистон, ташкилотхои партиявии вилоятии Киргизистон ва Точикистон таъсис ёфтанд. Дар мачлиси Бюрои Сиёсии Комитети Маркази РКП (б) 11 октябр 1924 карор кабул карда шуд, ки Ташкилоти партиявии вилоятии Точикистон ба РКП (б) ба воситаи Партияи Коммунистии (б) Узбекистон дохил шавад (зеро Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистон дар хайати Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон буд). 6 декабри 1924 ор-гани рохбарикунандаи муваккатии партиявии республика — Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии (б) Узбекистон дар Точикистон ташкил ёфт.
Котиботи масъули Бюрои ташкили Ч. Имомов ва С. М. Соколов тасдик шуданд. 5 феврали 1925 дар Душанбе мачлиси якчояи Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии (б) Узбекистон дар Точикистон ва Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарки барпо гардид. Мачлис дар бораи катъ гардидани фаъолияти Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии Бухоро дар Бухорои Шарки ва Комитети Иттиходи Марказии Бухорои Шарки карор кабул кард.
Ташкилоти партиявии Точикистон он вакт ташкилотхои камшумор ва камтачрибаро дарбар мегирифт. Яинвари 1925 дар ташкилотхои партиявии Уротеппва ва Панчакент 259, дар ташкилоти партиявии Бухорои шарки 113 ва ташкилоти партиявии Помир 24 нафар коммунистон буданд. Органи олии партиявии республика пленуми Бюрои ташкили хисоб меёфт. Дар давраи байни пленумхо ба ташкилоти партияви Комиссияи ичроия рохбари мекард. Комиссияи ичроия масъалахоеро дида мебаромад, ки Котибот, коллегияи ташкили, коллегияи агитасияи) пропаганди ва дигар ба миён мегузоштанд. Дар назди Бюрои ташкили шуъбахои ташкили-партияви, агитатсионию пропа-гандисти, занон ва комиссияи кабулкуни ба партия, комиссияи оид ба кори дехот, комиссияи оид ба масъалахои кооператсия ва гайра мавчуд буданд.
Бюрои ташкили мувофики таксимоти маъмурии республика сохти органхои партиявиро дигар кард, аппарати партиявиро тагйир дод ва дар баъзе мавридхо аз нав сохт. Комитетхои партиявии районхои Уротеппа ва Панчакент ба комитетхои вилоятии (округии) партия табдил дода шуданд. Ба ин комитетхои партияви то декабри 1926 бевосита Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Узбекистон рохбари мекард. Маи 1925 комитети партиявии райони Душанбе ташкил карда шуд. Охири 1925 баробари ба вилояти Хисор табдил ёфтани вилояти Душанбе чои Комитети Партиявии вилоят Хисор карор гирифт, дар Душанбе бошад, Комитети партиявии шахр ташкил карда шуд. Бо рохбарии ташкилоти партиявии республика ташкилотхои оммавии мехнаткашон — Иттифоки «Куш чи» (Иттифоки чуфтгари), иттифокхои касаба, комсомол таъсис ёфтанд.
Дар ташкилотхои чамъияти ва муассисахои давлати фраксияхои коммунисти ба вучуд омаданд, ки Бюрои ташкили ва органхои партиявии махалли ба воситаи онхо рохбари мекарданд.
Ячейкахои партияви аз руи аломати территорияви ташкил карда шуда буданд. Ячейкахои дехот коммунистони якчанд кишлокро муттахид мекарданд. То ноябри 1925 дар ташкилоти партияви хамаги 525 нафар коммунистон буданд, ки 31 ячейкаи партияви, 12 ячейкаи шахри за 19 ячейкаи дехотро ташкил медоданд.
Ноябри 1925 дар Душанбе пленуми 1-ми васеи Бюрои ташкилии Партияи Коммунистии (б) Узбекистон дар Точикистои барпо гардид, ки он хисоботи Бюрои ташкили, маърузадоро дар бораи сохтмони совети ва хочаги дар республика, дар бораи инкишофи маорифи халк, ташкил намудани чисмхои Харбии милли ва гайра мухокима кард. Пленум карор кард, ки бо мачсади пурра бархам додани босмачиги ва таъмин намудани хаёти осоишта дар худуди республика бетарафии як кисми боён ва рухониён истнфода карда шавад. Советхо аз унсуро- ни душман тоза ва ба кори онхо намояндагони мехнаткашон бештар чалб карда шаванд.
Дар съезди 2-юми Партияи Коммунистии (б) Узбекистон (ноябри 1925) вакилони ташкилоти партиявии Точикистон мавкеи «Гурухи 18»-ро катъиян махкум карданд, ки он ба ислохоти замин зид баромада, миллатчигии махаллии буржуазиро тарафдори менамуд.
Бюрой ташкили бо максади бархам додани окибатахои кахтии соли 1925, ки душманони синфи барои пурзур кардани босмачиги истифода кардани буданд, тамоми куввхои партияви ва захирахои республикаро сафарбар намуд. Комитети Ичроияи Марказии СССР ба тарики ёри барои Точикистон илова ба маблаги бючети бештар аз 980 хазор сум, кариб 200 хазор пуд галла ва кариб 55 хазор пуд тухми чудо кард.
Ноябри 1926 пленуми 2-юми васеи Бюрои ташкили чамъ омад. Дар давраи байни пленумхо сафи аъзоёни ташкилоти партиявии Точикистон афзуд ва худи ташкилот аз чихати гоявию сиёси мустахкам гардид. Ташкилоти партияви дар сафхои худ 864 нафар коммунистонро (421 аъзо ва 443 номзад ба аъзоии партия) муттахид менамуд. 23,3%’ коммунистонро коргарон ва батракон, 43,7%- ро дехконон, 33%-ро хизматчиён ва дигар ташкил медоданд. Пленум натичахои фаъолияти ташкили ва хочагию сиёсии Бюрои ташкилиро дар соли 1926 чамъбаст намуд ва вазифахои асосии сохтмони партиявиро дар республика — вусъат додани кори дохилипартияви, ба тартиб даровардани афзоиши сафи партия ва хайати ичтимоии ташкилоти партияви, пурзур кардани кори идеологиро муайян намуд.
Мувофики маълумоти баруйхаттирии партияви, ки соли 1927 дар Точикистон гузаронда шуд, октябри хамон сол ташкилоти партиявии республика1147 нафар коммунистонро (614 аъзо ва 533 номзад ба аъзоии партия) дар бар мегирифт, ки 69,6% онхо коммунистони миллатхои махалли буданд. 21—27 октябр 1927 дар Душанбе Конференсияи 1- уми партиявии вилоятии Точикистон барпо гардид, ки он фаъолияти 3- солаи ташкилоти партиявиро чамъбаст намуда, аз чихати гоявию сиёси ва ташкили мустахкам шудани онро бо каноатманди кайд намуд. Конференсия иродаи хамаи коммунистони республикаро ифода намуда, рохи сиёсии Комитети Марказии ВКП (б)-фо якдилона маъкул донист, блоки зиддипартиявии троскичиёну зиновёвчиёнро катъиян махкум кард.
Конференсия дастури катъи дод, ки дар дехот аз чумлаи кашбагалон ва батракон такягохи мустахками партия ба вучуд оварда шавад. Ба чои Бюрои ташкили Комитети партиявии вилоятии Точикистон интихоб карда шуд. Бояд кайд кард, ки муборизаи тулонии зидди босмачиён тараккиёти Точикистонро нисбат ба тамоми мамлакат хеле боздошт. Дар даврае, ки ВКП (б) умуман барои индустронии мамлакат мубориза бурда, рохи коллективонидани хочагии кишлокро пеш гирифта буд, ташкилоти партиявии Точикистон масъалахои баркарор намудани хочагии халкро, ки дар давраи муборизаи зидди босмачиён хароб гардида буд, хал мекард.
3—10 февр. 1929 дар Душанбе Конференсияи 2-юми партиявии вилоятии Точикистон барпо гардид. Конференсия ба фаъолияти Комитети вилоятии партия бахои мусбат дод. Дар карорхои конференсия натичахои баркарор намудани хочагии халк чамъбаст ва вазифахои азнавсозии сотсиалистии республика муайян карда шуданд. Конференсия лоихаи плани панчсолаи 1-уми тараккиёти хочагии халки республикаро мухокима намуд ва хайата нави Комитети партиявии вилоятии Точикистонро интихоб кард. Дар натичаи ба Точикистон хамрох карда шудани округи Хучанд (25 августи 1929) ба ташкилоти партиявии вилоятии Точикистон ташкилоти партиявии округи Хучанд (1572 коммунист, аз чумла 757 аъзо ва 815 номзад ба аъзоии партия) хамрох гардид.
Шумораи аъзоёни ташкилоти партиявии Точикистон дучанд афзуд. Съезди 3-юми фвкулодаи Советхои республика (октябри 1929) Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Точикистонро ба Республикаи Советии Сотсиалисти табдил дод. Ба ин муносибат ташкилоти партиявии вилоятии Точикистон Партияи Коммунистии (болшевикони) Точикистон (25 ноябри 1929) ном гирифт. Дар ин давра ташкилоти партиявии Точикистон 3848 нафар коммунистонро (1939 аъзо ва 1909 номзад ба аъзоии партия) муттахид мекард. Партияи Коммунистии (б) Точикистон рохи генералии Комитети Марказии ВКП (б)-ро ба амал бароварда, дар сохтмони сотсиализм дар республика ба мехнаткашон рохбари менамуд.
6—15 июни 1930 дар Душанбе Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии (большевиков)-и Точикистон барпо гардид. Дар съезд 288 нафар вакилон иштирок доштанд. Аз давраи Конференсияи 2-юми вилоятии партиявии Точикистои то Съезди муассисон сафи ташкилоти партиявии республика 2,5 маротиба афзуда, 5358 нафар коммунистонро муттахид мекард. Съезд маърузахои Хисоботии Комитети Маркази ва Комиссияи тафтишоти Партияи Коммунистии (б) Точикистон, маърузахои оид ба сохтмони саноати ва колхози, оид ба иттифокхои касаба ва маорифро шунид ва мухокима намуд. Съезд натичахои кори ташкилоти партиявии республикаро дар давраи баъди Конференсияи 2-юми вилоятии партиявии Точикистон чамъбаст намуд ва вазифахои сохтмони сотсиалистиро дар республика муайян кард.
Съезд ба масъалаи таракки додани саноати вазнин (сузишвори, металлхои ранга ва гайра) диккати чидди дод, «Дар бораи сохтмони колхози» резолютсия кабул намуд ва чорахои инкишоф додани маданиятро пешбини кард Съезди 1-уми муассисони Партияи Коммунистии (б) Точикистон гаъсис ёфтани Партияи Коммунистии (б) Точикистонро аз чихати ташкили ба расмият даровард, Комитети Марказии ПК (б) Точикистон ва Комиссияи марказии назорати Партияи Коммунистии (б) Точикистонро интихоб намуд. Дар пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии(б) Точикистон, ки баъди съезд чамъ омад, М. Д. Хусейнов котиби якум, III. Шохтемур котиби дуюми Комитети Марказии интихоб карда шуданд. Дар ин давра Партияи Коммунистии (б) Точикистон аз 7 ташкилоти партиявии округи (Сталинобод, Гарм, Кулоб, Кургонтеппа, Уротеппа, Панчакент, Хучанд), ташкилоти партиявии Вилояти Автономии Бадахшони Кухи, 2 комитети шахри ва 9 комитети районии партия, 183 ячейкаи партияви ва 39 гурухи номзади иборат буд. Чихати хоси Партияи Коммунистии (б) Точикистон дар ин давра хамин буд, ки ядрои коргарии сафхои он калон набуда, аксариятро дехконон ва хизматчиёи ташкил медоданд. Кариб нисфи хайати он аз номзадхо ба аъзоии ВКП (б) иборат буд. Соли 1930 дар Точикистон ба чои округхо районхои маъмури (гайр аз Помир, ки дар он 40 шакли пештараи волости боки монд) ташкил карда шуданд. Ин им- коният дод, ки аппарати партияви ва давлати ба омма наздик карда шуда, рохбарии партияви ба маъракахои сиёси ва хочаги бехтар гардад.
Афзоиши сафи Партияи Коммунистии (б) Точикистон ва чорабинихои мустахкамкунии он имконият доданд. ки соли 1932 кариб дар хамаи районхои республика ташкилотхои партияви бо сарварии комитетхои районии партия (ба чои собик ташкилотчиёни партияви ва бюрохои партияви) барпо карда шаванд. Дар охири панчсолаи 1-ум дар Точикистон 35 комитети районии партиявии кишлок мавчуд буд. Мувофики нишондоди Комитети Марказии ВКП (б) соли 1930 дар комитетхои марказии партияхои коммунистии республикахои иттифоки, комитетхои округи ва вилоятии партия доир ба хар сохаи конкретии хочагии халк ва маданият шуъба ва секторхо ташкил карда шуданд. Аппарат Комитети Марказии Партияи Коммунистии (б) Точикистон баъди дигаргунсози на 5 шуъба иборат буд: умуми, ташкилию инструктори, чобачогузории кадрхо, агитасия ва маъракахои оммави, маданият ва пропаганда.
Дар солхои панчсолаи 1-ум дар иктисодиёт ва хайати ичтимоии ахолии Точикистон тагйироти чидди ба амал омад. Дар рафти индустронии мамлакат синфи коргар ташаккул ёфт ва афзуд. Коллективонии хочагии кишлок ба амал бароварда мешуд. Синфи коргар ва дехконони колхози манбаи боэътимоди афзоиши минбаъдаи сафхои Партияи Коммунистии (б) Точикистон буданд. Танхо дар ду соли баъди Съезди 1- уми Партияи Коммунистии (б) Точикистон шумораи коммунистони республика се баробар афзуд. То 1 январи 1933 дар сафхои ташкилоти партиявии республика 11329 нафар коммунистон, аз чумла 1378 нафар занон буданд. Аз чихати хайати ичтимои коргарон 30,8%, дехконон 47,2%, хизматчиён 12,7% ва дигар 9,3% -ро ташкил медоданд.
Микдори ташкилотхои партияви зиёд шуд. Дар аввали соли 1933 дар республика 502 ташкилоти ибтидоии партияви ва 181 гурухи номзади буданд. Ин имконият медод, ки ташкилотхои партиявии дехот аз руи нишонаи территориявию истехсоли тадри- чан аз нав сохта шаванл. Афзоиши босуръати сафхои ташкилоти партиявии республика (асосан аз хисоби дехконон) бехтар кардани кори дохилипартияви ва тарбияви, махви бесаводиро дар байни коммунистон талаб мекард. Соли хониши 1930/31 аз 18 райони республика 1700 нафар коммунистон ва 1100 нафар комсомо- лон бо шаклхои гуногуни омузиши сиёси фаро гирифта шуда буданд. Дар охири соли 1932 дар республика 8 мактаби советию партияви кор мекард.
Аз чихати ташкили ва гоявию сиёси мустахкам гардидани Партияи Коммунистии республика роли рохбаронаи онро дар тамоми сохахои сохтмони сотсиалисти беш аз пеш баланд бардошт. Мехнаткашон бо рохбарии ташкилоти партиявии республика плани панчсолаи 1-умро бомуваффакият ичро карданд.
7—14 январи 1934 Съезди 2-юми Партияи Коммунистии (болшевикон)-и Точикистон барпо гардид. Съезд программаи васеи тараккиёти хочагии халки республикаро барои панчсолаи 2-юм пешбини кард. Съезд дар сохаи саноат вазифа гузошт, ки иктидори корхонахои мавчуда пурра ба кор андохта, сохтмони ГЭС-и Варзоб ва истифодаи кони Каромазор тезонида, чорахои истифодаи саноа- тии сарватхои зернзаминии Точикистон андешида шаванл. Дар сохаи хочагии кишлок вазифа гузошта шуд, ки мубориза барои афзун гардондани хосилнокии навъхои зироат, махсусан пахта пурзур карда шавад. Съезд ба сохтмони мадани дар республика диккати чидди дод. Дар ин даври дар республика 527 ташкилоти ибтидоии партияви ва 292 гурухи номзади буданд, ки онхо 10.489 нафар коммунистон, аз чумла 1111 нафар занонро муттахид мекарданд.
Бо максади баланд бардоштани дарачаи кобилиятноки ва муттахидии сафхои партия аз май 1934 дар республикахои Осиёи Миёна, аз чумла дар Точикистон, аз унсурони бегона тозакунии ташкилотхои партияви сар шуд. Кабул ба партия муваккатан катъ гардид. Дар натича бисёр унсурони тасодуфи ва бего- на аз партия хорич карда шуданд, ки ин дарачаи кобилиятнокии ташкилоти партиявии республикаро баланд бардошт. 4042 нафар коммунистон хуччати нави партияви гирифтанд. Кори хочагидории партияви ба тартиб дароварда шуд. Аз сентябри 1936 кабул ба партия аз нав ба рох монда шуд. Вале вайронкунихои чиддии конунияти сотсиалисти ва нормахои ленинии хаёти партиявию давлати, ки дар давраи шахспарасти содир шуданд, аз партия гурух-гурух хорич кардани коммунистон, чазодихихои беасос ба кадрхои рохбарикунандаи партияви ва совети ба ташкилоти партиявии республика зарари калон расонданд.
Шумораи аъзоёни партия нисбат ба ибтидои соли 1933 3 баробар кам шуд. Аммо ташкилоти партиявии республика, катъи назар аз душворихои чидди, фаъолияти сиёси ва мехнатии мехнаткашонро баланд бардошт ва онхоро ба ичрои супоришхои плани панчсолаи 2- юм сафарбар намуд. Дар солхои панчсолаи 2-юм дар республика кори навсозии техникии хочагии халк ва ба рохи тараккии коллективонаи сотсиалисти гузарондани хочагихои майдаи дехкони асосан ба анчом расонда шуд. Дар гузаронидани револютсияи мадани ва ташаккули интеллигенсияи советии точик муваффаккиятхои калон ба даст омаданд. Халки точик тахти рохбарии ташкилоти партиявии республика ба миллати сотсиа- листи табдил ёфта, давлати худро мустахкам намуд. Дар Точикистон, чун дар тамоми мамлакат, сотсиализм асосан галаба кард. Халки точик ба шарофати гамхории доимии Комитети Марказии ВКП(б) ва Хукумати Иттифок мисли дигар халкхои Осиёи Миёна давраи капитализмро аз сар нагузаронда, бевосита ба сотсиализм гузашт.
Галабаи сотсиализм дар Точикистон дар Конститутсияи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, ки марти 1937 дар асоси Констнтутсияи СССР (соли 1936) кабул карда шуда буд, ба хукми конун дароварда шуд.
Дигаргунихои куллие, ки дар хаёти ичтимоию иктисоди ва сохти синфии чамъияти совети ба туфайли галабаи сотсиализм ба амал омаданд, боиси тагйир ёфтани хайати ичтимоии ташкилоти партиявии Точикитон гардиданд. Дар натича дар сафхои партия коргарон нисбат ба дехконон аксариятро ташкил доданд. Дар охири декабри аз 4715 нафар коммунистони республика 1998 нафарашон коргарон, 1783 нафарашон дехконон 934 нафарашон хизматчиён ва дигар буданд. Чихати дигари хоси хаёти ташкилоти партиявии республика ин буд, ки шумораи номзадхо ба аъзоии партия нисбат ба аъзоёни ВКП (б) хеле кам шуд. Дар байни коммунистон ва фаъолони бепартияви бесаводи асосан махв карда шуд.
Августи 1937 Съезди 3-юми Партиям Коммунистии (болшевикон)-и Точикистон барпо гардид, ки он муваффакиятхои калони дар сохтмони со- тсиалисти ба дастовардаи халки точикро кайд намуда, вазифахои тараккиёти минбаъдаи иктисодиёт ва маданияти республикаро муайян намуд. То январи 1938 дар республика 361 ташкилоти ибтидоии партияви ва 132 гурухи номзади вучуд доштанд. Дар республика 1 комитети вилояти, 2 комитети шахри ва 64 комитети районии партия амал мекарданд. Дар карори Комитети Марказии ВКП (б) ва Хукумати Совети аз 11 апрели 1938 “Дар бораи чорабниихои оид ба инкишофи сохтмони хочаги ва маданию маиши дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон* программаи васеи сохтмони иктисоди ва мадани дар республика пешбини карда шуд ва он асоси плани панчсолаи 3-юм гардид.
7—14 июни 1938 Съезди 4-уми Партияи Коммунистии (болшевикон) -и Точикистон барпо гардид. Съезд кайд намуд, ки бо ёрии Комитети Марказии ВКП (б), Хукумати СССР ва хамаи халкхои мамлакатамон масъалаи бархам додани нобаробарии хакикии халки точик бомуваффакият хал шуд. Соли 1937 даф Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон нисбат ба 1913 116 маротиба зиёдтар махсулоти саноати истехсол карда шуд. Зироати сотсиалисти ба муваффакиятхои калон ноил гардид. Колхозхо 92%-и хамаи хочагихои дехкониро муттахтид менамуданд.
Дар вазъияти болоравии бузурги мехнати ва сиёси дар арафаи Съезди 18-уми ВКП (б) Съезди 5-уми Партияи Коммунистии (болшевикон)-и Точикистон (22—27 феврали 1939) барпо гардид. Коммунистони Точикистон ба муборизаи мехнаткашон барои бомуваффакият ба хаёт татбик намудани карорхои Съезди 18-уми ВКП (б) рохбари намуданд. Саноат, наклиёти автомобили ва рохи охан, хамаи намудхои алокаи хозиразамон босуръат таракки мекарданд. Ташаккул ёфтани кадрхои миллии синфи коргар, баланд шудани шуурнокии сиёси ва дарачаи маданию техникии он муваффакияти мухими Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон буд. Мехнаткашони хочагии кишлок махсусан дар истехсоли махсулоти асосии зироат — пахта, ба комёбихои калон сохиб шуданд. Сохтмони мадани низ инкишоф меёфт.
Тии Испания тахти унвони Партияи Коммунистии Испания барпо карда шуд. Баъди таъсис ба Интернатсионали Коммунисти хамрох шуд. Ташкили Партияи Коммунистии Испания чудошавиро дар сафи Партияи сотсиалистии коргарии Испания (ПОКИ) тезонид. Апрели 1921 вакилони чапи Съезди фавкулодаи Партияи сотсиалистии коргарии Испания ПСКИ таъсиси Партияи Коммунистии коргарии Испания (ПККИ)-ро эълон намуданд. Ноябри 1921 дар Мадрид дар конференсияи хар ду партияи коммунисти партияи ягона —Партияи Коммунистии Испания барпо карда шуд. Марти 1922 Съезди 1-уми партия, чамъ омад, ки он сиёсати фронти ягонаро бо мехнаткашон — аъзоёни Иттифоки умумии мехнаткашон (ИУМ) ва анархистон маъкул донист.
Баъди он ки сентябри 1923 дар мамлакат диктатураи харбии генерал Примо де Риваро баркарор гардид. Партияи Коммунистии Испания ПКИ мачбур шуд ба пинхонкори гузарад. Дар вазъияти нави баъди сарнагуншавии монархия (14 апрели 1931), ки ба Револютсияи солхои 1931—39 ибтидо гузошт дар назди партияи нав аз пинхонкори баромада вазифаи чиддии мубориза бо сектантчиги меистод. Партияи Коммунистии Испания ПКИ бо рохбарии Хосе Диас (солхои 1932—42 котиби генералии Партияи Коммунистии Испания (ПКИ), Долорес Ибаррури ва дигар, ки дар Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба хайати Комитети Маркази интихоб гардиданд, дере нагузашта ба яке аз куввахои бонуфузи сиёсии мамлакат табдил ёфт. Партияи Коммунистии Испания ПКИ таклиф кард, ки фронти васеи зиддифашисти ба вучуд оварда шавад.
Январи 1(936 бо ташаббуси Партияи Коммунистии Испания ПКИ партияхои коммунисти, сотсиалисти ва республикави Фронти халкии ташкил намуданд, ки он дар интихоботи парламент 16 феврали 1936 бар блоки пар- } тияхои монархисти ва клерикали — фашисти галаба кард. Дар давраи Чанги миллию револютсионии солхои 11936—39 Партияи Коммунистии Испания ПКИ ташкилотчии асосии зарбаи халки инспан ба исёни харбию фашисти буд. Дар давраи Чанги миллию револютсиони шумораи аъзоёни Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба 300 хазоранд. Баъди маглубияти республика (марти 1939) ва дар Испания баркарор гардидани диктатураи -Франко Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар шароити душвори пинхонкори ва чазодихихои берахмона сафи худро аз нав сохт. Дар давраи Чанги дуюми чахони (1939—45) Партияи Коммунистии Испания ПКИ кушиш намуд, ки Испания аз тарафи Германия ба чанг дохил нашавад ва ба вусъати харакати партизани дар мамлакат мадад расонд.
Баъди тамом шудани (Чанги дуюми чахони Партияи Коммунистии Испания ПКИ ба кор карда баромадани тактикаи нав шуруъ намуд, ки он дар шароити нави сиёси ба хам пайвастани шаклхои муборизаи легали ва гайрилегалиро пешбини мекард. Партияи Коммунистии Испания ПКИ аз муборизаи ‘Партизани, чун шакли муборизаи ба вазъияти нав номувофик даст кашида, ба баромадхои калони оммави, ки бар зидди диктатураи франкисти барои ба даст овардани истиклолияти хакикии милли ва бархам задани базахои америкои дар территорияи Испания нигаронида шуда буданд, рохбари кард. Ноябри 1954 Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ чамъ омад, ки он «Программаи Партияи Коммунистии Испания дар мубориза барои истиклолият ва демократикунонии Испания, барои катъиян бехтар намудани шароити зиндагии халки испанро кабул кард.
Дар Программаи нави Партияи Коммунистии Испания ПКИ ду давраи револютсияи Испания—демократи ва сотсиалисти нишон дода шудааст, инчунин таъкид карда шудааст, ки Партияи Коммунистии Испания ПКИ нест кардани диктатураи Франко ва тоза кардани. рохи тараккиёти демократии мамлакатро вазифаи аввалини худ мехисобад. Съезди 6-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ (январи 1960) ба тарафдории хукуки халкхои Каталония, Мамлакати Баскхо ва Галиён ба автономияи милли фикр баён кард ва озодии вичдон, дину оин ва аз давлат чудо кардани калисоро талаб кард. Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар ташкили шаклхои гуногуни харакати зиддифранкисти (корпартоихо, намоишхо ва гайра) фаъолона иштирок намуда, револютсионии осоиштаи демократиро тарафдори мекард ва дар баробари он рохи гайри осоиштаро низ (дар сурати зарури) инкор намекард.
Баъди марш Франко (ноябри 1975) мамлакат ба давраи озодшави аз бокимондахои фашисти дохил шуд. Апрели 1978 дар Мадрид Съезди 9-уми Партияи Коммунистии Испания ПКИ барпо гардид, ки он аввалин съезди легали (аз 1932) дар Испания буд. Съезд Устави нави партияро кабул намуд; органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии Испания ПКИ-ро интихоб кард. Дар хуччатхои съезд Партияи Коммунистии Испания ПКИ «партияи марксисти, револютсиони ва демократи» эълон карда шуд. Мувофики Устави нав Партияи Коммунистии Испания ПКИ аз руи принсипи сентрализми демократи сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Испания ПКИ —съезди партия, дар фосилаи байни съездхо — Комитети Маркази, ки аз хайати он Комитети ич- роия Комиссияи доими ва Котибот интихоб мегардад.
Хайати вакилони Партияи Коммунистии Испания ПКИ дар хамаи съездхои баъдичангии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, Мачлисхои байналхалкии партияхои коммунисти ва коргарии солхои 1957, 1960, 1969 иштирок карданд. Раиси Партияи Коммунистии Испания ПКИ — Д. Ибаррури, котиби генералии Партияи Коммунистии Испания ПКИ—X Иглесмас. Органи марказии Партияи Коммунистии Испания ПКИ — Мундо Обреро», органи назариявии Партияи Коммунистии Испания ПКИ — журнали «Нуэстра бандера».