Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Перу

Партияи Коммунистии Перу

Партияи Коммунистии Перу (ПКП), соли 1928 аз тарафи X. К. Мариатеги таъсис дода шуда, то 1930 Партияи сотсиалистии Перу ном дошт. Аз соли 1930 дар пинхонкори буд. Дар шароити вазнини пинхонкори Партияи Коммунистии Перу ПКП барои муттахид намудани мехнаткашон кор мебурд. Дар замони Чанги дуюми чахони ва баъд аз он партия таъсири худро бар омма пурзур намуда, ба кори легали муваффак гардид (1944). Дар Съезда 3-юми партия (1948) Программаи Партияи Коммунистии Перу ПКП кабул карда шуд. Дар давраи диктатураи Одриа (1948—56) партия боз гайриконуни эълон шуд ва ба таъкибот дучор гардид. Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Перу ПКП (1962) Устави партияро кабул намуд ва вазифа гузошт, ки иттифоки коргарон ва дехконон ташкил карда шавад, Соли 1963 партия аз нав дучори таъкибот гардида, зиёда аз 1000 нафар коммунистон, аз чумла X. дель Прадо Чавес хабс карда шуданд. Соли 1964 аз Партияи Коммунистии Перу ПКП гурухи чудоиандохо, ки вазифахои рохбарикунандаи партияро ба даст гирифта, партияро аз харакати байналхалкии коммунисти чудо кардани буданд, хорич карда шуданд. Конференсияи 5-уми милли (1966) карорхое кабул намуд, ки таъсири Партияи Коммунистии Перу ПКП-ро дар байни мехнаткашон афзун гардонданд.

Соли 1968 баробари ба сари хокимият омадани хукумати револютсионии куввахои мусаллах Партияи Коммунистии Перу ПКП аз пинхонкори баромада, икдомхои зиддиимпериалисти ва зиддиолигархии хукуматро дастгири намуд ва оммаро ба иштироки фаъолоне дар дигаргунсозихои ичтимоию икдисоди са-фарбар намуд. Съезди 5-уми Партияи Коммунистии Перу ПКП (1973) программаи нави партияро кабул кард ва рохи сиёсии дастгирии хукумати револютсиониро муайян намуд. Соли 1979 Партияи Коммунистии Перу ПКП хамрохи дигар партия ва ташкилотдхои чап барои барпо кардани фронти васеи куввахои демократи муборизаро пурзур намуд, то ки дигаргунсозихои ичтимоию иктисодии дар давраи аввалини просесси револютсиони гузаронда шуда бештар вусъат ёбанд.

Хайатхои вакилони Партияи Коммунистии Перу ПКП дар Мачлисхои машваратии байналхалкии партиями коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Перу ПКП хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист. Сохти Партияи Коммунистии Перу ПКП ба принсипхои сентрализми демократи асос ёфтааст. Органи олии партия — съезд, дар байни съездхо — Комитети Маркази, ки Комиссияи сиёси ва Котиботро интихоб мекунад. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Перу ПКП— X. дель Прадо Чавес. Органи марказии Партияи Коммунистии Перу ПКП — газетаи хафтаинаи «Унидад».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.