Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Канада

Партияи Коммунистии Канада

Партияи Коммунистии Канада (ПКК), 31 май — 1 июни 1921 дар Съезди муассисони партия хамчун партияи гайрилегали таъсис ёфт. Феврали 1922 партияи легали ташкил шуд, ки он номи Партияи коргарии Канада (ПКК)-ро гирифт. Соли 1924 баъди бекор кардани конуни реаксионие, ки фаъолияти хамаи ташкилотхои прогрессивии мехнаткашонро манъ мекард, Партияи Коммунистии Канада (ПКК) номида шуд. Минбаъд фаъолияти партия борхо манъ карда шуд. Соли 1943 Съезди миллии муассисони коммунистон дар бораи ташкил кардани партияи легалии марксисти-ленини карор кабул кард, ки он Партияи коргарии прогрессивии Канада (ПКПК) ном гирифт.

Съезди 16-уми партия (октябри 1959) карор кабул кард, ки минбаъд партия Партияи Коммуиистии Канада номида шавад. Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар фаъолияти худ программаи«Рохи суи сотсиализм дар Канада»-ро, ки он дар съезди 21-уми партия (ноябри 1971) тасдик шуда буд, ба рохбари мегирад. Программа имконияти дар доираи муассисахои таърихан ба вучуд омадаи парламента бо рохи осоишта ба сотсиализм гузаштанро пешбини мекунад.

Хайатхои вакилони Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар кори Мачлисхои машваратии байналхалкии партияхои коммунисти ва коргари (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партия хуччатхои дар ин мачлисхо кабулшударо маъкул донист.

Фаъолияти Партияи Коммуиистии Канада ПКК дар асоси принсипхои сентрализми демократи сохта мешавад. Аз соли 1965 инчониб дар Квебек Партияи коммунисти амал мекунад, ки он кисми таркибии Партияи Коммуиистии Канада ПКК мебошад. Органи олии Партияи Коммунистии Канада ПКК — съезд, дар байни съездхо ба кори партия Комитети Маркази рохбари мекунад. Котиби генералии Партияи Коммуиистии Канада ПКК — У. Каштан. Органи марказиаш — газетаи«Канейдиан трибюн», органи назариявиаш — журнали «Комюнист».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.