Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Испания

Партияи Коммунистии Испания

Партияи Коммунистии Испания (ПКИ), 15 апрели 1920 дар шароити болоравии харакати револютсиони (дар зери таъсири Револютсияи Октябр) аз тарафи Ассамблеяи миллии Федерасияи чавонони сотсиалистии  Испания тахти унвони Партияи Коммунистии  Испания барпо карда шуд. Баъди таъсис ба Интернасионали Коммунисти хамрох шуд. Ташкили Партияи Коммунистии Испания ПКИ чудошавиро дар сафи Партияи сотсиалистии коргарии Ис­пания (ПСКИ) тезонид. Апрели 1921 вакилони чапи Съезди фавкулодаи Партияи сотсиалистии коргарии Ис­пания ПСКИ таъсиси Партияи Коммунистии  коргарии Испания (ПККИ) -ро эълон намуданд. Ноябри 1921 дар Мад­рид дар конференсияи хар ду пар­тияи коммунисти партияи  ягона — Партияи Коммунистии  Испания ПКИ барпо карда шуд. Марти 1922 Съезди 1-уми партия чамъ омад, ки он сиёсати фронти ягонаро бо мехнаткашон — аъзоёни Иттифоки умумии  мехнаткашон (ИУМ) ва анархистон маъкул донист.

Баъди он ки сентябри 1923 дар мамлакат диктатураи харбии генерал Примо де Риваро баркарор гардид. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ мачбур шуд ба пинхонкори гузарад. Дар вазъияти нави баъди сарнагуншавии монархия (14 апрели 1931), ки ба Револютсияи солхои 1931—39 ибтидо гузошт дар назди партияи нав аз (пинхонкори баромада вазифаи зидди мубориза бо сектантчиги меистод. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ бо рохбарии Хосе Диас (солхои 1932—42 котиби генералки Партияи Коммунистии  Испания ПКИ), Долорес Ибаррури ва дигар, ки дар Съезди 4-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба хайати Комитети Маркази интихоб гардиданд, дере нагузашта ба яке аз куввахои бонуфузи сиёсии мамлакат табдил ёфт.

Партияи Коммунистии  Испания ПКИ таклиф кард, ки фронти васеи зиддифашисти ба вучуд оварда шавад. Январи 1936 бо ташаббуси Партияи Коммунистии  Испания ПКИ пар­тияхои коммунисти, сотсиалитси ва республикави Фронта халки ташкил намуданд, ки он дар интихоботи пар­ламент 16 феврали 1936 бар блоки пар­тиявии монархисти ва клерикали— фашисти галаба кард. Дар давраи Чанги миллию револютсионии солхои 1936—39 Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ташкилотчии асосии зарбаи халки испан ба исёни харбию фашисти буд. Дар давраи Чанги миллию револютсиони шумораи аъзоёни Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба 300 хазор расид. Баъди маглубияти республика (марти 1939) ва дар Испания баркарор гардидани диктатураи Франко Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар шароити душвори пинхонкори ва чазодихихои берахмона сафи худро аз нав сохт.

Дар давраи Чанги дуюми чахони (1939—45) Партияи Коммунистии  Испания ПКИ кушиш намуд, ки Испания аз тарафм Германия ба чанг дохил нашавад ва ба вусъати харакати партизани дар мамлакат мадад расонд. Баъди тамом шудани Чанги дуюми чахони Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ба кор карда баромадани тактикаи нав шуруъ намуд, ки он дар шароити нави сиёси ба хам пайвастани шаклхои муборизаи легали ва гайрилегалиро пешбини мекард. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ аз муборизаи партизани, чун шакли муборизаи ба вазъияти нав номувофик даст кашида, ба баромадхои калони оммави, ки бар зидди диктатураи фран­кисти барои ба даст овардани истиклолияти хакикии милли  на бархам задани базахои америкои дар территорияи Испания нигиронида шуда буданд, рохбари кард. Ноябри 1954 Съезди 3-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ чамъ омад, ки он «Про­граммаи Партияи Коммунистии Ис­пания дар мубориза барои истиклолият ва демократикунонии Испания, барои катъиян бехтар намудани ша­роити зиндагии халки испанро кабул кард.

Дар Программам нави Партияи Коммунистии  Испания ПКИ ду давраи револютсияи Испания—де­мократи ва сотсиалисти нишон дода шудааст, инчунин таъкид карда шудааст, ки Партияи Коммунистии  Испания ПКИ нест кардани диктатураи Франко ва тоза кардани рохи тараккиёти демократии мамлакатро вазифаи аввалини худ мехисобад. Съезди 6-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ (янв. 1960) ба тарафдорни хукуки халкхои Ката­лония, Мамлакати Баскхо ва Галисия ба автономияи милли фикр баён кард ва озодии вичдон, дину оин ва аз давлат чудо кардани калисоро талаб кард. Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар ташкили шаклхои гуногуни харакати зиддифранкисти (корпартихо, намоишхо ва гайра) фаъолона иштирок намуда, револютсияи осоиштаи демократиро тарафдори ме­кард ва дар баробари он рохи гайри осоиштаро низ (дар сурати зарури) инкор намекард.

Баъди марги Франко (ноябри 1975) мамлакат ба давраи озодшави аз бокимондахои фашисти дохил шуд. Апрели 1978 дар Мадрид Съезди 9-уми Партияи Коммунистии  Испания ПКИ барпо гардид, км он аввалин съезди легали (аз 1932) дар Испа­ния буд. Съезд Устави нави партияро кабул намуд; органхои рохбарикунандаи Партияи Коммунистии  Испания ПКИ-ро интихоб кард. Дар хуччатхои съезд Партияи Коммунистии  Испания ПКИ «партияи марксисти, револютсиони ва демок­рати эълон карда шуд. Мувофики Устави нав Партияи Коммунистии  Испания ПКИ -аз руи принсипи сентрализми демократи сохта мешавад.

Органи олии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — съезди пар­тия, дар фосилаи байни съездхо — Комитети Маркази, ки аз хайати он Комитети ич- роия, Комиссияи доими ва Котибот интихоб мегардад. Хайати вакилони Партияи Коммунистии  Испания ПКИ дар хамаи съездхои баъди чан­гии КПСС, Мачлисхои байналхалкии партияхои коммунисти ва коргарии солхои 1957, 1960, 1969 иштирок кар­данд. Раиси Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — Д. Ибаррури, котиби генералии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ—X Иглесмас. Органи марказии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — «Муидо Обреро», органи назарнявии Партияи Коммунистии  Испания ПКИ — журнали«Нуастра баядера».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.