Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Парламентаризм

Парламентаризм

Парламентаризм, як тартиби хоси аз тарафи буржуазия идора кардани чамъият. Дар Парламентаризм вазифаи органхои конунгузор ва ичроия аник таксим шуда, органи конунгузор, яъне парламент нисбат ба дигар органхои давлати бартари дорад. Дар Праламентаризм хукуматро парламент ташкил дода, он дар назди парламент чавобгар аст. Яъне Парламентаризм дар механизми хокимияти давлати ва идоракуни зохиран ифодаи мавкеи асоси доштани органи интихоботист.

Парламентаризм ба давраи капитализми томонополисти хос аст. Тавассути он буржуазия имкон дошт, ки рохбарии сиёсии худро ба воси­таи органи интихоби — парламент, ки муассисаи намояндагии хамаи синфхои хукмрон аст, татбик намояд. Асри 19 давраи инкишофи Парламентаризм буд. Буржуазияи голиб асосан мекушид, ки ба воситаи муассисахои намояндаги хукм ронад. Вале бо табдили капитализми саноати ба капитализ­ми агонополисти макоми органхои ичроял мустаккам шуда, мартабаи парламент паст ва доираи хукукхои он махдуд гашт; демократиям парламент то рафт ба тарзи идоракунии авторитари ва олигархи иваз мешуд.

Танхо бо ин рох хокимияти ичроия ба мукобили амик шудани муборизаи синфи ва мустакилияти сиёсии синфи коргар мубориза бур­да, манфиатхои буржуазияро хифз карда метавонист. Дар давлатхои хозираи буржуази Парламентаризм ба кризис дучор гардидааст. Хукуматхои бур- жуази аксар вазифаи парламентхо, аз чумла вазифаи конунгузориро низ ба тасарруфи худ даровардаанд. Ин хол чунин маъно дорад, ки мухокимаи масъалахои сиёсати хукумат дар парламент сохта аст. Аксаран парламент ба хукумат нобовари изхор менамояд. Хукумат дар чавоб парламентро пароканда намуда, гузаронидани интихоботи навро зълон мекунад. Хамин тарик, сохта будани «масъулияти» хукумат ошкор мешавад.

Дар аксари мамлакатхое, ки сис­темаи дупартияви чорист, кризиси Парламентаризм боиси муттафик шудани партияхои буржуази мегардад. Ин партияхо ба он мекушиданд, ки хукумат дар парламент аксариятро ташкил дихад ва карорхои худро зуран ба оппозисия бор кунад.

Куввахои тараккипарвари мамлакатхои капиталисти, аз чумла коммунистон ва партияхои коргари ба­рои нигох доштани муассисахои де­мократияи парламенти суботкорона мубориза мебаранд. Партияхои коммунистии мамлакатхои капиталисти дар программахои худ имкониятеро асоснок намудаанд, ки дар шароити муайян бо рохи парламенти ба аксарият ноил гаштан, ба таври осоишта ба сотсиализм гузаштан ва парламентро дар аз нав созии сотсиа­листи истифода намудан мумкин аст. Ба ин тавассути инкишофи хамачонибаи муборизаи синфии гайрипарламентии мехнаткашон муваффак шуда метавонанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.