Парагнейс (аз пара… ва гнейс), чинси кухии метаморфиест, ки дар каъри кишри Замин дар натичаи тагйир ёфтани чинсхои тахшини ба вучуд меояд. Асосан чинсхои терригени (регсанг, алевролит, вараксангхои гили ва гайра) аз таъсири фихори зур ва харорати баланд хусусиятхои физикию химиявии худро тагйир дода, ба арагнейс табдил меёбанд.
Парагнейс дар таркибаш квартс, шпатхои дашти ва минералхои дигар (андалузит, силлиманит, дистен, ставролит, кордиерит, турмалин ва гайра) дорад. Омухтани таркиби Парагнейс ва муайян кардани микёси пахншавии он барои чустучуи сарватхои зеризаминии метаморфи ёри мерасонад. Дар Точикистон Парагнейс бештар дар Помири Гарби ва каторкуххи Каротегин вомехурад.