Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Папуасхо

Папуасхо

Папуасхо (аз малайи рарuwа — чингиламуй), номи умумии кисми зиёди ахолии тагчоии чазира Гвинеяи Нав, чазирахои шимолу гарбии Меланезия, кисми шимолии чазираи Халмахер ва кисми шаркии чазираи Тимор. Шумораашоя зиёда аз 3 млн нафар (1973). Папуасхо аз чихати антропологи ба нажоди меланези мансуб буда, бо забонхои напуаси гап мезананд. Унсурхои асосии эътикоди дини нарастиши оинхои ачдоди, сехру чоду (сохири) ва тотемизм. Аз охири асри 19 масехият пахн гардидааст ва холо аксари Папуасхо расман ба замин дин эътикод доранд.

Папуасхо то вактхои охир дар баъзе нохияхои чазираи Гвинеяи Нав ва чазирахои шимолу гарби Меланезия сохти чамоаи ибтидоиро аз сар мегузаронданд. Асоси хочагии Папуасхо— парвариши бехмева, дарахтони нахлу мева, хукпарвари, мохигири ва кисман шикор аст. Кисми Папуасхо дар плантатсия ва корхонахои саноати маъдан кор мекунанд. Папуасхо то омадани мустамликадорони Европа намедонистанд, ки за­мни моликияти хусуси шуда метавонад. Фаркияти ичтимои дар байни Папуасхо вактхои охир пайдо шуд. Дар омухтани этнографияи Папуасхо тадкикотчии рус Н. Н. Миклухо-Маклай сахми арзанда гузоштааст.

Ад.:     М и к л у х о-М а к л а й Н. Н., Собр. соч.. т. 1—5, М.— Л.. 1950—54; Б у тимов Н, А., Папуасы Новой Гвинеи, М., 1968.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …