Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панчара

Панчара

Панчара, Чузъи ороишиест дар санъати меъмори. Дар, дарича, равзана, байни рафу сутунхо, айвон, зинаи бинохои маъмури, мадани ва чамъиятиро бо Панчара оро медиханд. Панчара асосан хоси меъмории Шарк, алалхусус мамлакатхои иклимаш гарм аст (Осиёи Миёна, Афгонистон, Эрон, Хиндустон ва мамлакатхои Шарки Наздик), ки хам вазифаи ороиши, хам хосияти хавогузарони, рушноидихи ва интиколи овоз дорад.

Панчара дар чорбору хиёбонхо ба сифати тавора, дар интерери хона чун чузъи ороиш истифода мешавад. Панчараро аз чуб, санг, гач, филизот, гил ва гили сухта тайёр карда, дар он накшунигори хандаси, аксаран гирех, ислими, мунаббат, кандакори ва гайраро истифода мебурданд. Бозёфтхои археологи аз мавчудияти Панчара дар замони кадим гувохи медиханд. Панчараи хиштии «Касри шохон” дар Тупроккалъа (асри 3), Панчараи гачи дар Варахша (асри 8) ва гайра. Дар макбараи Исмоили Сомони бо усули махсуси хиштчини Панчара офаридаанд. Дар ансамбли Шохи Зинда (асри 14) Панчараи чубини нихоят чозиб боки мондааст.

Кошикорихои мадрасахои Мири Араб (асри 16), Абдуллохон (асри 46) дар Бухоро, Шердор (асри 17) дар Самарканд дорои намунахои нодири Панчарахои мураккабсохт мебошанд. Панчара дар иншооти бузурги меъмории Бухоро, Самарканд, Хева, Хучанд ва дигар шахрхо исти­фода шуда, сипас дар нохияхои дигари Осиёи Миёна пахн гаштааст. Умуман дар санъати меъмории асрхои 11—17 Осиёи Миёна Панчарасози ривоч ёфта, кариб дар хамаи бинохои мухташам шаклу усулхои мухталифи онро мохирона истифода бурдаанд. Устохои халки ва касбии точик барои Панчарасози бештар чубро истифода бурдаанд. Аз руи як катор накшхои руидевории Панчакенти Кадим чунии бармеояд, ки устохои асрхои 7—8 барои ороиши хайвони хонахои истикомати ва маъбадхо аз тахтахои кандакори истифода мебурданд.

Дар замони Темуриён накши гирех ба авчи аъло расида, бисёр чузъхои ороиши, аз чумла Панчакентро фаро мегирад. Вобаста ба хашамати мадрасаю масчидхо, андозаи Паннчара равзанахо низ меафзояд. Панчараи равзанаи равоктокхои пайкони аз чгбчахои чудогонаи бо хам васлшаванда (шаддахо) сохта мешуд. Намунаи нодири чунин Панчарахо дар осори меъморин Бухоро, Самарканд, Панчакент, Уротеппа, Ленинобод, Хисор, Вахш, Панч, Кулоб ва гайра вомехуранд, ки хушсифат, пурдошт, бандубасташон мукаммал ва накшунигорашон назаррабост.

Панчараи байни посутунхои айвони масчиду мадрасахоро аз чубхои чортарош месохтанд. Баъзан дар хам ба шакли панчара сохта мешуд. Дар офаридани Панчараи равзанахо яке аз шаддахоро ба сифати ченак (ахшин) кабул карда, шаддахои бокимондаро мутобикан ба он ва вобас­та ба бандубасти сохти накш исти­фода мебурданд. Усто аввал чузъи аз хама хурдтарини Панчара— «ошикча»- ро нихода, дар атрофи он 5—7 шаддаро ба таври амудию уфуки устувор мекард. П.анчара одатан аз 4, 6, 8 ва 10 «кулча» сохта шуда, накши мукаммали композитсиядореро ташкил мекард. Хангоми чидани шаддахо аз меху елим сарфи назар мекарданд. Услуби хоси кандакорни чуб ба Панчарахои гайричуби таъсир расонда, боиси бой ва серобуранг гардидани онхо шуда аст.

Алалхусус таъсири он дар Панчараи гачи (аз руи сохт, накшунигор, бандубаст ва хатто номи якхелаи бисёр амалхо) бештар зохир гаштааст. Сабаби ин шояд дар колибхои чуби рехтани Панчараи гачи бошад. Аммо Панчараи гачи дорои наккшунигор ва ороишоти хеле бой буда, на танхо аз накшхои хандаси (до­ира, шашкунча, мураббаъ ва гайра), балки аз усулхои мураккаби мунаббату гулнакшхо (пиёзи, гардани, ис­лими) низ бахраманд мегашт. Анъанаи бои санъати Панчарасози дар солхои Хокимияти Совети ривоч ёфт. Хунармандону устохои халки дар хамдасти бо меъморон хангоми сохтани бинохои чамъияти, маъмури ва ма­дани аз санъати Панчарасози босамар истифода бурдаанд, ки дар банду­баст ва ороиши бино макоми намоён доранд.

Намунахои мукаммали Панчарахо дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айни (меъморон А. Юнгер, В. Голли, Д. Билибин), Китобхонаи республикавии ба номи Фирдавси, Музеи муттахидаи республикавии таърихи — кишваршиноси ва санъа­ти тасвирии ба номи Бехход (меъмор А. Кномпус), чойхонаи «Рохат» (меъморон Д. Гендлин, К. Терлетский), чойхонаи «Фарогат» (меъмо­рон Г. Соломиной, III. Зубайдов), Банки сохтмони коммунали (меъмор Э. В. Ерзовский) ва гайра вомехуранд.

Холо дар ороиши айвону балконхои бинохои истикоматии оханубстонии аксари микрорайонхои Точикистон Панчараро истифода мебаранд, ки онхоро дар з-аводхо бо усули нави техники тайёр мекунанд. Инчунин барои оро­иши хиёбон, фаввора, зинапоя, пул, дар, тиреза ва дарвозахо аз фулузот (охан, мис, биринчи) Панчара месозанд, ки дар онхо анъанахои Панчарасозии миллии Шарк ва Гарб омезиш ёфтаанд.

Ад.: Р е м п е л ь Л. И., Панджара. Ар­хитектурные решетки и их построение, Ташкент. 1957; Р у а и е в М. А., Резное дерево Чорку, Д.. 1975; хамов му- а л л., Искусство таджикской резьбы по дереву. Д./ 1976′, П и с а р ч и к А. К,, Народная архитектура Самарканда, Д., 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.