Панчакенти Кадим димнаи шахри ибтидои асрхои миёна; 1,5 км чанубу шарктари шахри хозираи Панчакент вокеъ аст. Панчакенти Кадим яке аз рустохои (районхои) Сугд буд (асрхои 7—8). Хар як русто, аз чумла Панчакент марказ (шахри асоси), хоким ва отряди харби дошт.
Аз хусуси Панчакент Кадим дар асрхои 7—8 Табари маълумот дода, Деваштич ном яке аз хокимони онро, ки ба муборизаи зидди Хилофати араб (солхои 720—722) рохбари кардааст, зикр мекунад. Сугдиён соли 720 кушуни арабро дар Самарканд торумор ва шахрро аз истилогарон озод карданд.
Аммо хилофат барои забт кардани Сугд муттасил лашкар мекашид. Нихоят, охири соли 721 сугдиён ба танг омада, як гурухашон бо сардории хокими Пой (райони Каттакургони хозира) — Карзанч ба Хучанд ва гурухи дигарашон бо сардории Деваштич ба болооби Зарафшон рафтанд. Гурухи якум дар атрофи Хучанд ва гурухи дуюм дар калъаи Абаргар, ки холо бо номи Калъаи Муг машхур аст, соли 722 аз кушуни араб торумор гардиданд. Хамон солхо истилогарон Панчакенти Кадимро низ ба хок яксон карданд ва шахр бархам хурд.
Соли 1933 аз харобахои Калъаи Муг кариб хаштод хуччати сугди ёфта шуд, ки матни он дар руи когаз, пуст ва чуб сабт шудааст (ниг. Хуччатхои Калъаи Муг). Соли 1947 хайати Экспедитсияи археологии Точикистон бо рохбарии А. Ю. Якубовский димнаи Панчакент Кариб кашф намуд ва аз хамон вакт хафриёти он давом дорад. Рохбари акспедитсия дар давоми хафт соли аввал худи А. Ю. Якубовский буд. Солхои 1953—1954 ба он М. М. Дяконов рохбари кард ва баъди вафоти у то хол ин вазифа дар ухдаи А. М. Беленитский мебошад. Дар кори экспедитсия Шуъбаи ленинградии Институти археологии АФ СССР, Эрмитажи давлати, Институти таърихи АФ РСС Точикистон ва Музеи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рудаки (Панчакент) иштирок доранд.
Хафриётп археологи нишон дод, ки Панчакент Кадим аз кисмхои зерин иборат будааст: 1) Шахристон (бо девори хота шудааст). 2) Кухандиз (дар тарафи гарбии шахр вокеъ аст). 3) Дехаи назди шахр (дар тарафи Шарк вокеъ аст). 4) Кабристон (дар чанубтари шахристон чой гирифтааст).
Вусъати шахристон кариб 14 га, майдони он теппазор аст. Бештар аз кисми махал тадкик шудааст. Алхол гузархои калон, бинохо ва кисми зиёди чорсуи шахр кушода шудаанд. Хар як бино аз 10 то 100 ва аз ин хам зиёд хона дорад. Бинохои ду ва сеошёла дучор мешаванд, ки баландии онхо то 8—9 м мерасад. Гафсии девори хонахо то 1,20 м буда, аз похса ё хишти хом ва баъзан аз лохсаю хишти хом бунёд гардидаанд. Дар хавлихое, ки кушодаанд, ду хел хона мушохида мешавад: хонахои танги долонмонанди бомашон гунбази ва хонахои калони мураббаи сутуну болорашон чубин. Баъзе хонахо зебу зинати хуб доранд: болор, боша ва носутунхо кандакори шудаанд, деворхо накшунигор доранд. Дар хонахо току равок кам ба назар мерасад, дар таги девор суфахои паст хаст.
Кухандиз сари теппа, дар баланди чой гирифта, аз чандин бино, хавли ва иншооти мудофиави иборат аст.
Дехаи назди шахр. ки дар тарафи шарки ва чанубу шарки шахристон вокеъ аст, такрибан 20—25 га вусъат дорад. Азбаски замини ин махал токзор буд, оби он захида, бисёр иморати атрофи шахрро нобуд кардааст. То огози хафриёт дар ин чо кариб 25 теппа буд. Хафриёт аён кард, ки дехаи назди шахр аз хавлихои чудогона иборат буда, хар хавли як китъа замини корам доштааст. Хавлихо асосан аз хонахои икомати ва хочаги иборат буда, дар онхо оилахои хурди кашоварзон ва кисман косибон зиндаги мекардаанд. Дар деха нишонахои огози истехсолоти косиби ба назар мерасад, ки истилои араб ба ташаккулаш имкон надодааст.
Дар худуди кабристон, ки такрибан 0,5 км дуртар аз девори чанубии шахристон вокеъ аст, кариб 70 тепла боки мондааст. На теппахо новусхои панчакентихои кадимро махфуз доштаанд ва бостоншиносон кариб ситои онро кушодаанд. Майдони хар новус ба хисоби миёна 4— 5 м мураббаъ буда, болояш гунбази яклухт дорад. Даруни хона аз се тараф суфа дорад. Суфахо дар тули 3 девор ба шакли харфи «Панчакент» чо гирифта, байнашон гузаргохе хаст. Дар миёнахои девори 4-ум сурохии хурде хаст. Суфахо барои гузоштани устадонхо хизмат мекарданд. Дарозии устадонхо 50—55 см, барашон 25—27 см ва баландиашон 18—23 см аст. Онхо сарпушхои яклухти дастадор ва ё сарпушхое доранд, ки аз ду тахтаи сафоли иборатавд. Ин ду тахтасафолро пахлуихам гузошта, дахони устадолро мепушонданд. Дар хар новус ба хисоби миёна устухонхои 8—10 майитро дафн мекарданд.
Холо Панчакенти Кадим ягона ёдгории археологиест, ки аз руи он сохт, махсусан топография, хаёти иктисоди, ичтимои ва мадании ахолии шахрхои ибтидои асрхои миёнаро омухтан мумкин аст. Латтапорахо, пунбадона, донахои нимсухтаи гандум, нав, арзан ва лубиёи ёфтшуда маълумоти маъхазхои хаттиро дар хусуси хонагидории Сугд тасдик мекунанд. Дар натичаи хафриёт дар Панчакенти Кадим донакххои гелос, олуболу, зардолу, шафтолу, бодом, санчид, пучоки чормагз ёфт шуданд, ки ин аз равнаки богдории Сугд шаходат медихад ва ба маълумоти географхои арабизабон Ибни Хавкал ва мукаддаси мувофик меояд.
Онхо навиштаанд, ки рустои Панчакент дар чидани бодому чормаргз дар байни дигар рустохои Сугд чои аввалро ишгол мекард. Дар Панчакенти Кадим токдори ва шаробкаши таракки карда буд. Аз назди оташдонхо ва аз байни тудахои пору бисёр устухони гов, гусфанд, буз ва хуки ёбоию хонаги ёфт шуд ва ин шаходат медидад, ки дар Панчакенти Кадим, чорводори хам равлак доштааст. Мавчудияти чунин базаи ашёи хом боиси инкишофи истехсоли маснуоти чарми мегардид. Аз руи накшунигори деворхо мукаррар кардан мумкин аст, ки хунармандони Панчакенти Кадим аз чарм хар хе пойафзол, чавшан, тоскулох, гилофхои шамшер ва камол, афзоли асп ва дигар асбоби рузгор тайёр мекардаанд, Бостоншиносхо аз шахристон бисьёр лангарчахои чарххои ресмонреси ёфтанд, ки онхо аз инкишофи наддофи ва бофандаги дарак медиханд. Аз нигориши деворхо, ки дар онхо навъхои гуногуни маснуот, матоъхои пахтаги, пашми, абрешими, колин ва гайра хеле хуб тасвир ёфтаанд, саликаи косибону бофандагони Панчакенти Кадим аён мегардад.
Дар истехсолоти косибии Панчакенти Кадим маснуоти кулоли чои махсусро ишгол мекард. Дар вакти хафриёт аз хар чо шадда ва бозубандхои шишаги, шишахои майда барои хар хел моеъ ёфт шуданд. Мавчудияти корхонахои шишасози тасдик мекунанд, ки панчакентиён ба истехсоли маснуоти шиша низ машгул будаанд.
Дар Панчакенти Кадим оханхари ва заргари низ хеле равнак доштааст. Факат дар як майдони хурди шахристон зиёда аз 40 устохолаи охангари будааст, ки хар хел маснуоти филизи мебароварданд. Хангоми хафриёт дос, табар, бел, дарафш, корд, калид, кисмхои куфл, пайкол, найза, халка ва бисёр дигар асбобу анчоми охани, биринчи, миси, тиллои ва нукраги ба даст омаданд. Чунин ёдгорихои модди ва (маънави нишон медиханд, ки дар Панчакенти Кадим ва дигар шахрхои Сугд сохахои гуногуни хунарманди вучуд дошта, хунармандонаш табъу махорати баланд доштаанд. Аз руи натичаи хафриёт тахмин кардан мумкин аст, ки хунарманди дар Панчакенти Кадим сохаи мустакили хочаги ва аксари хунармандон озод буда, барои фуруш мол мебаровардаанд.
Пулхои зиёде, ки ёфт шуд низ ба ин далолат мекунанд. То ин дам чанд хазор танга чамъ оварда шудааст, ки ин кадар пул аз ягон чои дигари Осиёи Миёна ёфт нашуда буд. Ба даст омадани тангахои зиёди сугди ба ташкили сохаи нави нумизматикаи Осиёи Миёна — нумизматикаи Сугд имкон дод. Дар коллексия пулхои миси, биринчи на нукраги хастанд, ки аз асрхои аввали милод то нимаи дуюми асри 8 симка зада шудаанд. Аммо кисми асосии коллексияхо аз пулхои биринчии сугдии нимаи дуюми асри 7—аввали асри 8 иборат аст. Дар байни онхо пулхое хастанд, ки баъзеашон аз номи хокимони майдаи он, аз чумла хокимони худи Панчакенти Кадим бароварда шудаанд.
Омухтани ин пулхо ба О. И. Смирнова имкон дод, ки хронологияп ихшидхои Сугдро муайян кунад. Пули бисёр ва гуногуни ёфтшуда гувохи медихад, ки муносибатхои молию пули дар Сугд ривоч доштааст. То солхои наздик чунин мешуморанд, ки шахрхои Осиёи Миёна факат баъди асрхои 8—10 маркази хунару тичорат гардид. Аммо хафриёти Панчакенти Кадим исбот кард, ки хануз дар асрхои 7—8 ин шахрхо маркази хунармандию савдо будаанд.
Хафриёти солхои охири Панчакенти Кадим нишон дод, ки хайати ичтимоии ахолии шахрхои давраи ибтидои феодализм хеле гуногун будааст ва дар шахрхои он замон на танхо хокимонн ва табакаи дорои ахоли бо гулому канизонашон, балки хунармандони озод, точирон ва дигарон табакаи ахоли низ зиндаги мекардаанд.
Ба туфайли ин ,хафриёт на факат навъхои асосии масолехи бинокори ва усулхои бинокории меъморони сугди, балки тархрези, сохти дохилию зохирии иморат ва оронши иншооти истикоматию чамъинти аён гардид. Маълум аст, ки санъати меъмарии Осиён Миена дар асоси истифодаи хишти хому похса таракки кардааст. Хиштхои иншооти Панчакенти Кадим мураббаъ, таносуби каду барашон 1×2 аст. Ин шакл назар ба хиштхои мураббаи давраи атика бахтар буд, зеро ба гафс ё тунук бардоштани деворхо имконият медод ва гайр аз ин куфлукалиди деворро осон мекард. Хишти хом ба гайр аз девор, боз барои сохтани равок, гунбаз, пагна ва баъзан барои фарши бино истифода шудааст.
Панчакенти Кадим деворхои похсаги низ дорад. Деворхо бо кохгил андова ва кисман гачкори шудаанд. Хишти пухтаро панчакентиёни кадим баъзан барои фарш ба кор бурдаанд. Техникаи равоксозию гунбазсози ва ошёнаю нагнахо санъати баланди меъмории Панчакенти Кадимро нишон медихад. Барои сутун, дар, болор ва барои баъзе чузъиёти ороиш чубро истифода бурдаанд. Дар вакти хафриёт бисёр болор ва сутунхои нимсухта ёфт шуданд, ки бошахои кандакори доранд (накшхои ислими, хандаси, расми одам ва махлукхои афсонави). Аз бозёфтхои сершумори Панчакенти Кадим махсусан, ду хайкали чубии зан, ки зохиран раккоса мебошанд, хеле чолибанд. Махорати кандакор ба дарачаест, ки хатто пирохани хеле нафиси раккосахо баръало намудор аст. Либос ба коси онхо бо тасмаи дарозе баста шудааст. Хайкалхо шаддахои марчон ва зангулачаххо доранд, ки сари сина ва тамоми баданро оро додаанд.
Тархи умумии хайкалхо хеле назаррабо, мавзун ва дилкаш аст. Чузъиёти тархи бадан, сарулибос ва чинхои он, асбоби зебу зинат ба таври хеле анику дакик тисвир ёфтаанд.
Барои хайкалсози дар Панчакенти Кадим баробари чуб инчунин гил, гач на филизотро ба кор мебурданд. Хангоми хафриёти яке аз хонахо гуши биринчии нихоят калони хайвоне ёфт шуд. Аз худи хамон 40 каллаи гачии берише низ ёфтанд, ки баробари сари одам аст. Гайр аз ин порахо дар поёни деворхои яке аз иморатхо изораи калони мучассамадор кушода шуд, ки дарозиаш кариб 8 м аст.
Ин изора пур аз расми одамони гуногун мебошад, ки дар заминаи бахр ё дарё хаккоки шудаанд. Дар як гушаи изора дахони аждахо ва дар гушаи дигараш тархи горе ба назар мерасад. Аз гор оби фаровоне мешорад, ки барои манзараи тамоми изора замина гардидааст. Дар хамин замина бо накши баланди мукарнас хар гуна чонварони асотири, мохиён, танаи одам, махлукоте, ки тани одаму думи мор дорад, тачассум гардидаанд.
Бозёфтхои археологии Панчакенти Кадим шаходат медиханд, ки дар санъати тасвирии сугдиён хайкалтароши макоми мухимме доштааст. Дар Панчакенти Кадим осори фаровон ва ачиби санъати наккоши низ ёфт шуд. То имруз чандин хонае кушода шуд, ки деворхояш мунаккашанд. Заминаи мусавварахоро махсус тайёр мекарданд: хокаи рангро дар як навъ моддаи часпак хал карда, ин махлулро хам ба руи андова ва хам ба руи гач мемолиданд ва мусавварахоро дар руи ин замина меофариданд. Мусаввирон бештар рангхои сурх, зард, кабуд, сафед, норганчи, сиёх ва нилобиро истифода бурда, комбинатсияхои гуногуни хайратангез ба руи кор овардаанд.
Чи лавхахои наккоши ва чи мусавварахо бо махорати баланд ичро гардидаанд. Хар як шахси тасвиршуда (хох дар перспектива, хох дар сафи пеш) дорои киёфаю холати муайянест. Дар лахзахои тасвиршуда тамоми конуниятхои рассоми риоя гардида, дар харакат будани мавчудоти зинда ба назар мерасад. Нигоришхо сюжет ва мавзуи муайян доранд. Дар онхо манзарахои базм, шикору ид, мотам, зурозмоии чанговарону пахлавонон, раксхои маросими, оббози ва дигар лахзахои хаёти сугдиён акс ёфтаанд, ки чунин холат дар «Шохнома»-и Фирдавси низ дучор меоянд. Масалан, дар баъзе деворхо манзарахое хастанд, ки дар онхо корнамоии Рустаму Исфандиёр тасвир шудааст.
Дар аксари манзарахо ва хатто дар сахнахои разм занон хам хастанд. Онхо баробари мардон дар базму зиёфатхо иштирок дошта, асбобхои гуногуни мусикт менавозанд, мераксанд, сарулибоси чанги пушида дар мухорибахо иштирок мекунанд. Ин чихати мусавварахо шаходат медихад, ки то истилои араб занхо озод ва фаъол будаанд..
Манзарахои тасвиршуда рочеъ ба хаёти аъёну ашроф, кушун, либоси харби, созу яроки сугдиён (акинак, шамшер, тиру камон, найзаю гурз, табарзину сипар, зиреху тоскулох, чавшану остинча ва гайра), инчунин оид ба истифодаи онхо маълумот медиханд. Дар мусавварахо расмхои мутрибон низ хастанд, ки барои омухтани маданияти мусикии сугдиён ахамияти калои доранд. Масалан, дар девори яке аз бинохо сурати зебои зани уднавозеро мебинем, ки дар бар куртаи шохии сафед, дар сар точи заррин ва дар дастон бозубанду ангуштаринхои тилло дорад; бо дастичаи удро дошта, бо дасти рост ба торхои он нохун мезанад. Уд хилолшакл буда, кисми болояш сари аждарро мемонад.
Дар руи девори дигаре тасвири се мутрибро мебинем, ки дар болои колин нишатаанд. Яке аз онхо барбат, дигаре як навъ асбоби удмонанд ва сеюми пай менавозад. Дар девори яке аз хонахои дигар сурати чахор мутриба низ акс ёфтааст. Хамаи ин гувохи медихад, ки сугдиён ба мусики шавку хаваси калон доштаанд ва барбат уд, най, даф, дойра, кушнай барин асбобхои мусики хеле маълум будаанд.
Панчакенти Кадим имрузхо ба яке аз ёдгорихои машхури археологии Точикистон мубаддал гардида аст. Рочеъ ба Панчакенти Кадим ва ёдгорихои санъати он дар Иттифоки Совети ва хорича, аз чумла дар Америка, Италия, Франсия, Япония ва як катор мамлакатхои дигари чахон рисола ва маколахо нашр шудаанд. Панчакенти Кадим як навъ меъёре гардидааст, ки мухаккикони хамин кабил ёдгорихои археологии Осиёи Миёна бозёфтхои худро бо падидахои он киёс мекунанд.
Хафриёти Панчакенти Кадим давом дорад.
Ад.: Ч а л и л о в А., Н е ъ м а т о в Н.. Кашфисти Панчакенти кадим. Д., 1969; Якубовский А. Ю., Древний Пенджикент, «По следам древних культур», М.— Л.. 1951; Живопись древнего Пянп- жикента. М., 1954; Скульптура и живопись древнего Плнджикентв, М.. 1959; Беленицкий А. М., Раслопова В. И., Древний Пенджикент, Д.. 1971; Беленицкий А. М., Монументальное искусство Пенджякента. Живопись. Скульптура, М.. 1973; Исаков А. И., Цитадель древнего Пенджикента, Д., 1977.