Панамагихо, халк, ахолии асосии Панама. Шумораашон бештар аз 1,7 млн. нафар (1978). Ба забони испани гап мезананд. Аз чихати антропологи кисми зиёди Панамагихо (такрибан 70%)— дурага ва мулатхо, авлоди колонистхои испани (асрхои 16—18) ва халкхои дертар мухочиршудаи Европа (италиявихо ва дигарон) мебошанд, ки бо аборигенхо— хиндиёни махалли ва зангихои аз Африка омада омехта шудаанд.
Аксарияти диндорои католиканд, як кисмашон протестант. Машгулияти асосии Панама — дехкони (банан, какао, шоликори, чуворимаккапарвари). Доир ба таърих, хочаги ва маданият ниг. Панама.