Памфлет (англ. pamphlet), асари публитсистии начандон калонест, ки максади асосиаш хачви конкрети граждани, голибан, ичтимоию сиёсист. Памфлет дар давраи Эхё пайдо шудааст. Памфлетхои М. Лютер, Эразми Роттердами, Т. Мурнер мавкеи калон доштаад. Бо кувват гирифтани тамоюли сиёсии низоъхои дини мазмуни ичтимоии Памфлет кавитар гардид. Масалан, силсилаи Памлетхои Ч. Милтон, Ч. Лилберн, Ч. Уинстэнли дар давраи револютсияи асри 17 Англия, баъдтар Памлетхои Д. Дефо ва Ч. Свифт.
Асархои К. Маркс «Чаноби Фогт» ва В. И. Ленин «Револютсияи пролетари ва муртад Каутский» намунаи классикии Памфлети сиёси мебошанд. Бисёр асархои А. Н. Радишев, А. И. Гертсен, В. Г. Белишений низ дар шакли Памфлет навишта шудаанд. Дар адабиёти совети И. Оренбург, Л. Леонов ва дигар анъанаи памфлетнависиро давом додаанд. Памфлет дар адабиёти советии точик зери таъсири адабиёти советии рус инкишоф ёфтааст.
Намунахои бехтарини онро дар эчодиёти С. Айни мебинем. С. Айни махсусан солхои Чанги Бузурги Ватани як силсила Памфлетхо («Чингизи асри XX», «Деви хафтсар», 1941: «Хари бедум», 1943 ва гайра) навишта, симои манфури чангчуёнро фош кард. А. Дехоти, А. Чалил, А. Шукухи ва дигарон низ дар мавзуъхои гуногун Памфлет навиштаанд.